Ҷулиан Ассанж дар дохили сафорати Эквадор дар Лондон боздошт шуд

Ассанж, ки дар сафорати Эквадор дар Лондон паноҳ бурда буд, гоҳо аз он ҷо истода ба саволҳои журналистон посух медод

Полиси Бритониё гуфт, ки муассиси Wikileaks Ҷулиан Ассанж боздошт шуд.

Оҷонсии Reuters менависад, ки Ассанж рӯзи 11 апрел аз ҷониби полиси Бритониё ва баъди он ҳабс шуд, ки онҳоро барои ворид шудан ба сафорати Эквадор дар шаҳри Лондон даъват карданд. Ассанж аз соли 2012 ба ин сӯ дар ҳамин намояндагии дипломатӣ паноҳ бурда буд.

Полис гуфт, "Ҷулиан Ассанжи 47-сола, шурӯъ аз имрӯз, панҷшанбеи 11 апрел аз ҷониби ходимони полиси Хадамоти шаҳрии полис дар сафорати Эквадор ба ҳабс гирифта шуд".

Полис гуфт, ки Ассандж баъди он ҳабс шуд, ки "ҳукумати Эквадор ҳақи паноҳандагии Ассанжро бозпас гирифт ва сафир иҷоза дод, ки ба дохили сафоратхона ворид шаванд". Ассанж аз августи соли 2012 аз тарси ин ки боздошт ва ба Шветсия истирдод мешавад, дар дохили сафорати Эквадор зиндагӣ мекард.

Президенти Эквадор Ленин Морено гуфт, ки ҳақи паноҳандагии Ассанж баъди он бозпас гирифта шуд, ки ӯ "чандин бор эъломияҳои байналмилалиро нақз кард".

Wikileaks навишт, ки Эквадор паноҳандагии Ассанжро боздошт ва бо ин амалаш "қонунҳои байналмилалиро нақз кард".

Полис гуфт, ки Ассанж базудӣ дар баробари додгоҳи шаҳрии Вестминстер ҳозир хоҳад шуд.

Шветсия истирдоди Ассанжро талаб карда гуфтааст, ки ин мард барои озори ҷинсӣ ва иттиҳоми таҷовуз ба номуси ду зан дар соли 2010 гумонбар мешавад.

Ассанж, шаҳрванди Австралия, инчунин метавонад барои нашри тахминан 500 ҳазор санади махфии низомӣ ва дипломатӣ дар робита бо низоъҳои мусаллаҳона дар Афғонистон ва Ироқ дар соли 2012 муҳокима шавад.