ҲНИТ ҳукми Н.Самиевро маҳкум кард. Додгоҳ гуфт, Самиев се моддаи КҶ-ро нақз кардааст

Акс аз бойгонӣ

Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон ҳукми додгоҳии собиқ раиси ин ҳизб дар ноҳияи Исфара Наимҷон Самиевро маҳкум кард. Дар изҳороти ҳизб аз рӯзи 11 апрел гуфта мешавад, ки ҳукми 15 соли зиндони Самиев «ноодилона» ва «золимона» буда, аз мақомоти тоҷик тақозо шудааст, ки ӯро «фавран озод кунанд». Додгоҳ гуфт, ки Самиев бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноӣ – "ғайриқонунӣ расондан, ҷойгир кардан ва ба кор андохтани маводи тарканда", "таълими ифротгароӣ" ва"иштирок дар иттиҳоди ҷиноӣ" – айбдор дониста мешавад. Самиев дар додгоҳ гуфтааст, ки иттиҳоми ворида аз рӯи моддаи 195 ("ғайриқонунӣ расондан, ҷойгир кардан ва ба кор андохтани маводи тарканда")-ро қисман эътироф мекунад ва дигар иттиҳомотро қабул надорад.

ҲНИТ дар изҳороти худ гуфтааст, ки қазияи Самиев аз оғоз – замони «дуздида шуданаш дар Русия» ва нашри изҳороти видеоияш дар бораи гӯё бозгашти ихтиёриаш ба Тоҷикистон «як дурӯғ» ва «ҷиноят» аст. Мақомоти давлатӣ аз шарҳи қазия худдорӣ мекунанд ва бар инанд, ки парвандаи Самиев тибқи қонун баррасӣ шудааст.

Дар муҳокимаи паси дарҳои бастаи додгоҳи Исфара рӯзи 9 апрел Наимҷон Самиев ба 15 соли зиндон маҳкум шуд. Наздикони ӯ гуфтанд, ки аз ин ҳукм ба зинаҳои болоӣ шикоят хоҳанд кард. Самиеви 56-сола солҳои 2008-2012 раиси дафтари ҳизби ҳоло дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ дар вилояти Суғд буд ва баъдан раиси ин ҳизб дар шаҳри Исфара шуд. Гуфта мешавад, ӯ аз соли соли 2014 то лаҳзаи боздошт дар Русия мезист.