Иддаои додситон дар бораи "ҷосусӣ" дар интихоботи президентӣ демократҳоро ба хашм овард

Уиллям Барр

Вакилони узви ҳизби демократ масъалаи мустақил будани додситони кулл Уиллям Барр аз президент Доналд Трампро зери суол бурда гуфтанд, ки пуштибонии додситон аз иддаои ин ки дар интихоботи президентии соли 2016 “ҷосусӣ” сурат гирифтааст, мавқеи ӯро ларзон мекунад. Рӯзи 10 апрел зимни посух додан ба саволҳои аъзои Кумитаи назорат аз иҷроиши қонунҳои Сенат, Барр гуфт, ки ба андешаи ӯ сохторҳои иктишофии Амрико бар зидди Трамп “як амалиёти ҷосусӣ”-ро ба роҳ монданд. Барр гуфт, “фикр мекунам, ҷосусӣ буд”, вале шаҳодате наовард. Каме дертар Барр зоҳиран ба ақиб гашт ва гуфт, ки ӯ мутмаин нест, ки кадом иштибоҳе шуда бошад.

Баъди нашри гузориши мушовири вижа Роберт Мюллер дар бораи эҳтимоли мудохилаи Русия ба интихоботи президентии Амрико дар соли 2016, Барр бори дуюм аст, ки барои посух додан ба саволҳои аъзои Сенат даъват мешавад. Барр ҳанӯз гузориши пурраи 400-саҳифагиро нашр накардааст, вале рӯзи 24 март дар як номаи чорсаҳифагиаш ба унвонии Конгресс дарёфтҳои муҳими ин таҳқиқотро хулоса кард.

Раиси маҷлис ва узви ҳизби демократ Ненси Пелосӣ гуфт, ки аз шеваи бархӯрд бо гузориши Мюллер “хеле нигарон аст”. Пелосӣ Барро дар пуштибонӣ аз Трамп муттаҳам кард. “Ӯ додситони кулли Доналд Трамп нест, ӯ додситони кулли ИМА аст”, гуфт раиси маҷлис. Раиси демократҳои Сенат Чак Шумер гуфт, “Ман ба Барр эътимод надорам. Ман ба Мюллер эътимод мекунам”. Чак Шумер аз додситони кулли Амрико талаб кард, ки ё барои исбот кардани дурустии ҳарфҳояш дар бораи “ҷосусӣ” далел пешкаш кунад ваё аз баёноти дар Сенат додааш даст кашад.