Корбарони телефонҳои ҳамроҳи iPhone мумкин аст, бо хатари киберӣ рӯ ба рӯ шаванд.
Як манбаи паҳншавии хатари киберӣ ё вирус сомонаи ширкати давлатии "Олтин Аср"-и Туркманистон аст. Дар ин бора нашрияи Digital Journal хабар медиҳад.
Ин сомона аз сӯи ширкати амнияти рақамии Амрико Lookout кашф шуд.
Вирус ё ангалҳои сомонаи "Олтин Аср" кори телефонҳои ҳушманди iPhone-ро ҷосусӣ мекунанд. Ин ангалҳо метавонанд, рақамҳои телефон, сабти садо, акс ва видео ва инчунин маълумоти дигари соҳибони телефонҳоро рабоянд.