Раҳбари пешини ҷиноҳи порлумонии "Республика – Ота Журт" ва собиқ номзад ба мақоми президентии Қирғизистон Омурбек Бабанов, ки дар хориҷ ба сар мебарад, 9 апрел бо телевизиони НТС суҳбат карда, сабабҳои рафтанашро аз ватан шарҳ дод.
Аз ҷумла, гуфт, пас аз интихоботи президентии Қирғизистон, ҳангоми табобат гирифтан дар хориҷ фаҳмид, ки зидди ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, вакилони ҷиноҳи порлумонии "Республика – Ота Журт" ва ҷонибдоронаш таъқиб мешаванд.
"Касе маро дастгирӣ кард, аз мақом барканор мешуд. Ҳангоми дар Туркия будан бо вакили порлумони Қирғизистон Руслан Қазоқбоев вохӯрдам ва ба ӯ гуфтам, аз мақомот (президенти пешин Алмосбек Отамбоев ва президенти кунунӣ Сооронбой Ҷеенбеков) пурсад, ки чи кор кунам, то таъқиби ҷонибдоронам хотима ёбад. Онҳо се шарт гузоштанд. Аз сиёсат канор рафта, мандати вакилии порлумонро месупорам ва ҳадди ақал давоми як сол ба ватан барнамегардам", - афзуд вай.
Ба гуфтаи Бабанов, ӯ низ дар посух чанд шарт гузошт. Аз ҷумла, талаб кард, ки ба таъқиби ҷонибдоронаш хотима бахшида шавад.
"Вале парвандаи ҷиноии ман ҳанӯз баста нашудааст. Ҳарчанд гуруҳи коршиносони қирғизу рус гуфтанд, ки дар суханронии ман чизе нест. Гуфтугӯҳоро Руслан Қазоқбоев анҷом медод. Ӯ ба назди Ҷеенбеков даромадааст. Вале Ҷеенбеков гуфтааст, ки ин масъаларо бо Отамбоев ҳал кунед", - изҳор дошт сиёсатмадори фирории қирғиз.
Зидди Омурбек Бабанов, ки яке аз номзадҳои асосӣ дар интихоботи президентии Қирғизистон шумурда мешуд, ду парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Парвандаи аввал дар натиҷаи як суханронии ӯ дар доираи маъракаи пешазинтихоботӣ дар шаҳри Ӯш бар пояи банди "Ангехтани адовати миллӣ ва нажодӣ" кушода шуд.
Парвандаи дувум бар пояи банди "Даъвати оммавӣ барои сарнагун сохтани сохти конститутсионӣ" боз шуд. Худи Бабанов пас аз интихоботи президентии соли 2017 Қирғизистонро тарк карда, гуфт, аз сиёсат канор рафтааст. Президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев 10 декабри соли 2018 дар суҳбат бо телевизиони "Апрел" гуфт, парвандаҳои зидди Бабанов бояд қатъ карда шаванд.
Президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков 19 декабри соли гузашта дар нишасти хабарии солонаи худ изҳор дошт, ки "ҳеч гуна гуфтугӯи дуҷониба ё сеҷонибае бо Омурбек Бабанов анҷом надодааст".