Тоҷикистон – 15 сол бе ҳукми қатл. Шри Ланка "ҷаллод" меҷӯяд

Созмони Афви Байналмилал (Amnesty International) мегӯяд, иҷрои ҳукми қатл дар саросари ҷаҳон фавқуллода кам шуда, ба поинтарин сатҳ дар як даҳсолаи ахир расидааст.

  • Дар гузориши тозаи созмон аз рӯзи 10-уми апрел омадааст, дар Чин, Эрон, Арабистони Саудӣ ва Вйетнаму Ироқ бештар аз ҳар кишвари дигар гунаҳкоронро ба қатл расонидаанд.
Дар Чин 1000 нафар, дар Эрон камаш 253 нафар, дар Арабистони Саудӣ 149 нафар, дар Ироқ 52 нафар саххтарин ҷазоро гирифтаанд.

Ҳукми қатл - "сирри давлатӣ" дар Чин

Созмони ҳомии ҳуқуқ мегӯяд, омори ҳукми қатл дар саросари ҷаҳонро бар асоси гузоришҳо ба даст овардааст, ба истиснои омори Чин, ки ин иттилоотро ҳамчун сирри давлатӣ пинҳон медорад. Созмони Афви Байналмилал мегӯяд, эҳтимол дорад, дар Чин солона ҳазорон нафарро қатл мекунанд.

Баъди ислоҳи қонун дар бораи мубориза бо қочоқи маводи мухаддир иҷрои ҳукми қатл дар Эрон, ки чунин ҷазоро бисёр татбиқ мекунад, 50 дар сад кам шудааст. Ироқу Покистону Сомалӣ ҳам татбиқи ҳукми қатлро камтар кардаанд ва ҳамингуна дар соли 2018 ҳадди ақал 690 нафарро бо гуноҳ ва ё иттиҳоми гуногун аз зиндагӣ маҳрум кардаанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Қатл лағв мешавад? Зиндониёни тоҷик дар Чин дар интизори табодули маҳбусҳо. ВИДЕО, САДО

Дар соли 2017 дар саросари ҷаҳон ба 993 нафар чунин ҷазо додаанд.

Вйетнам дар як иқдоми бесобиқа омори иҷрои ҳукми қатлро эълон кард ва гуфт, дар соли 2018 ин ҷазоро 85 дафъа татбиқ кардаанд. Дар Чин 1000 нафар, дар Эрон камаш 253 нафар, дар Арабистони Саудӣ 149 нафар, дар Ироқ 52 нафар саххтарин ҷазоро гирифтаанд.

Дар ҷустуҷӯи "ҷаллод"

Бо вуҷуди коҳиши ҳукми қатл дар саросари ҷаҳон, иҷрои ин ҳукм дар Беларус, Ҷопон, Сингапур, Судони Ҷанубӣ ва Амрико афзудааст.

Таиланд пас аз соли 2009 бори аввал як нафарро ҳукми қатл дод ва раиси ҷумҳури Шри Ланка Маитрипала Сирисена эълон кард, ки пас аз 40 сол иҷрои ҳукми қатл дар кишварро аз сар мегиранд. Ин кишвар моҳи феврал эълон дод, ки барои иҷрои ҳукм ба қавле ба “ҷаллод” эҳтиёҷ дорад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Юсуф Раҳмон: Ба эҳёи ҳукми қатл назари мусбат дорам (ВИДЕО)

Созмони Афви Байналмилал мегӯяд, тамоюли байналмилалӣ ба самти аз байн бурдани ин ҳукми золимона ва ғайриинсонӣ аст. Моҳи июни соли 2018 Буркина Фасо ҳукми қатлро лағв кард, моҳи феврал ва июл Гамбия ва Малайзия иҷрои ҳукми қатлро боздоштанд ва ё нисбат ба он мораторий эълон карданд.

Иёлати Вашингтон дар Амрико ҳам ҳукми қатлро мухолиф ба Қонуни асосӣ эълон кард. Моҳи декабр 121 кишвари узви Созмони Милал дар Маҷмаи Умумии СММ дар Ню-Йорк ба тарафдории манъи иҷрои ҳукми қатл раъй доданд. Танҳо 35 кишвар ба ин қарор мухолифат кардаанд.

Тоҷикистон иҷрои ҳукми қатлро боздошт, аммо...

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Аз зулми Сталин дар Тоҷикистон кам мегӯянд"

То поёни соли 2018, 106 кишвар ҳукми қатл барои ҳамаи ҷиноятҳоро лағв карданд, дар умум 142 кишвар ҳукми қатлро ё бар асоси қонун, ё амалан қатъ кардаанд.

Давлати Тоҷикистон 30-юми апрели соли 2004 нисбат ба ҳукми қатл мораторий эълон кард ва 15-уми июли соли 2004 бо қабули як қарор татбиқи ҳукми қатлро боздошт.

Дар он сол мақомот гуфтанд, таҳқиқи афкори умум нишон дод, ки 60 дар сади мардум мухолифи ҳукми қатл ҳастанд. Ҳоло ба ҷойи ҳукми қатл дар Тоҷикистон сахттарин ҷазо, ҳабси якумриро татбиқ мекунанд.

Аммо моҳи июни соли 2016 Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон дар як нишасти хабарӣ гуфт, “ҷонибдори иҷрои ҳукми қатл нисбат ба онҳое ҳаст, ки ҷиноятҳои махсусан вазнин, ба мисли қатл, кӯшиши табаддулоти давлатӣ ва амалҳои террористӣ содир кардааанд."

Баъди ин, ҳомиёни ҳуқуқ, аз ҷумла Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо баёнияи додситонро интиқод карданд ва онро майли мақомот ба бозгашт ба ҷазоҳои ғайриинсонӣ номиданд.