Ҷей, Геогҳеган, Воке ва Хамел дар боғи деҳқони тоҷик сабзиданд. ВИДЕО

"Эй кош, ки ҷойи орамидан будӣ,

Ё ин раҳи дурро расидан будӣ.

Кош, аз пайи сад сол, аз дили хок

Чун сабза умеди бардамидан будӣ." (Умари Хайём)

Як боғбони тоҷик ба хотири чаҳор сайёҳи хориҷӣ, ки соли гузашта дар ҳамлаи террористӣ дар ҳудуди вилояти Хатлон кушта шуданд, чаҳор ниҳоли зардолу шинонд.

Ниҳоли Ҷей Остин ва Геогҳеган Лаурен дар паҳлӯи ҳам қарор гирифтанд, зеро якдигарро дӯст медоштанд. Бигзор ҳарду дар паҳлӯи ҳам бимонанд

Ин баҳори аввалин аст, ки Ҷей Остин, Геогҳеган Лаурен Анне Муноз, Воке Рене Виллемм ва Хамел Маркус намебинанд, аммо дар боғи Назархон Хоркашев дубора зинда мешаванд.

Ҳафт ҷаҳонгарди хориҷӣ аз Амрикову Ҳолланд ва Швейтсария рӯзи 28-уми июли соли 2018 дар ноҳияи Восеъ меҳмони боғи Назархон Хоркашев буданд. Онҳо зери дарахтони сабз сари як пиёла чой нишаста ва дар навори видеоӣ хушҳолии худро баён карданд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Боғбони тоҷик ба ёди сайёҳони кушташуда чаҳор зардолу шинонд

Аммо рӯзи дигар панҷ ҷавон, ки ба гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" савганди садоқат додаанд, дар ҳудуди ноҳияи Данғара ба онҳо ҳамла карданд. Чаҳор сайёҳро куштанд ва ба се нафар осеб расонданд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 2018 иҷрогари ҳамла Ҳусейн Абдусамадови 33-соларо ба ҳабси абад маҳкум кард. Дар баробари ӯ 14 нафари дигар бо ҷурми даст доштан дар ин ҷиноят ё хабар надодан ба мақомот зиндонӣ шуданд. Мақомот гуфтанд, чаҳор ҳамлагари дигар ҳангоми амалиёти боздошт кушта шуданд.

"Ошиқон паҳлуи ҳаманд"

Боғи Назархон Хоркашев дар деҳаи Меҳрободи ноҳияи Восеъ дар канори шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб ҷойгир аст. Хоркашев аз охирин нафароне буд, ки пеш аз ҳамлаи террористӣ бо сайёҳони хориҷӣ ҳамсӯҳбат шуд ва онҳоро меҳмондорӣ кард.

Боғбони тоҷик рӯзи 9-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳеч намедонист, ки лаҳзаи хуши мизбонӣ аз сайёҳони хориҷӣ баъдан бо пурсуҷӯҳои зиёди муфаттишон иваз мешавад.

Баҳори имсол Назархон Хоркашев тасмим гирифт, ки ба ёди ҷаҳонгардон ниҳол шинонад. Мегӯяд, навъи зардолуе, ки интихоб кардааст, тоҷикӣ буда, то 70-80 сол умр мебинад.

"Номи ҳар қурбонии ҳамлаи террористиро ба дарахтон гузоштам. Хостам, ки номи онҳоро зинда нигоҳ дорам. Ниҳоли Ҷей Остин ва Геогҳеган Лаурен дар паҳлӯи ҳам қарор гирифтанд, зеро якдигарро дӯст медоштанд. Бигзор ҳарду дар паҳлӯи ҳам бимонанд", - гуфт Назархон Хоркашев.

"Боварнакарданӣ буд"

Ин сокини ноҳияи Восеъ мегӯяд, шаберо, ки ҳамроҳи сайёҳон паси сар кард, ҳеч гоҳ аз пеши назараш дур намеравад. "Бо онҳо дар зери сояи дарахтон бо забони шикастаи русӣ суҳбати дуру дароз доштем", - афзуд ӯ.

Назархон Хоркашев мегӯяд, субҳи 29-уми июл меҳмонон рӯи коғаз сипосномаеро бо наққошӣ гузошта рафтанд. Баъди чанд соат Хоркашеву сокинони дигари ноҳия хабари ҳамла ба онҳоро шуниданд.

"Баъди нисфирӯзӣ мақомот омада аз ман дар бораи сайёҳон пурсиданд. Гуфтанд, ки ҳамлаи террористӣ шудааст. Боварнакарданӣ буд. Ростӣ, то ҳол чеҳра ва суҳбатҳояшон аз ёдам намеравад", - нақл кард боғбон.

Назархон Хоркашев дар идомаи суҳбат гуфт, бо бузург шудани ниҳолҳо ният дорад, номи ҳар он сайёҳро дар танаашон ҳаккокӣ кунад. Хоркашев гуфт, мехоҳад дарахтони зардолу нишони сабзи он ҳодисаҳо бошанд ва ба дигарон ин паёмро расонанд, ки ёди ҷавонҳо дар боғи ӯ ва дар ватани ӯ зиндаанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Нақша дар рӯшноии "Моҳи хунин". Қотилони сайёҳони  хориҷӣ кӣ буданд? ВИДЕО