Дар Ӯзбекистон афроди бехонаро ба коркарди партов ҷалб карда, $70 моҳона медиҳанд

Корхонаи давлатии интиқол ва коркарди партовҳо дар ноҳияи Яккасаройи шаҳри Тошканд 60 каси бехонаро ба кор қабул кардааст.

Дар ин бора расонаҳои Ӯзбекистон бо истинод ба як масъули корхонаи интиқоли партовҳои Тошканд Рафаэл Бекмулин хабар доданд.

Ба гуфтаи ӯ, тарҳи мазкур бо сармоягузории ширкати Eco World ва дастгирии Раёсати умури дохилӣ, шаҳрдории Тошканд ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Ӯзбекистон иҷро мешавад.

Дар доираи тарҳ афроди бехонаро ба кор гирифта, ба онҳо шиноснома ва моҳона дар ҳаҷми 500-600 ҳазор сӯм ($60-$70) медиҳанд. Онҳо ҳамчунин бо хобгоҳи умумӣ таъминанд, ки ошхона ва маркази тиббӣ дорад. Рӯзҳои наздик бо дастгоҳҳои либосшӯӣ низ таъмин хоҳад шуд.

Корхонаи мазкур дар ҳоли ҳозир дар як шабонарӯз то 100 тонна партовро коркард хоҳад кард. Масъулони ширкат бо дастгирии ҳамтоёни чинии худ тасмим доранд, иқтидори корхонаро то ба 600 тона расонанд.