Туркманистон: маош дар ивази пардохти ҳаққи истифодаи об

Чанде аз корхонаҳои давлатии шаҳри Ишқободи Туркманистон роҳи бемисли ҷуброни ҳаққи истифодаи обро пайдо карданд. Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, корхонаи обёрии Ишқобод тасмим гирифтааст, ки то замони пардохти истифодаи об, маоши кормандонро надиҳад.

"Кормандони корхонаи обёрии Ишқобод барои моҳи март маош нагирифтаанд. Ибтидои моҳи апрел ба онҳо хабар доданд, ки танҳо баъди пардохти ҳаққи истифодаи об метавонанд маош дарёфт кунанд", - гуфт як манбаъ.

Ибтидои моҳи ҷорӣ корхонаи обёрии шаҳри Ишқобод аз сокинон даъват кард, ки ҳаққи истифодаи обро сари вақт пардозанд.

Баъди солҳои тӯлонии истифодаи ройгони об дар Туркманистон, роҳбарияти ин кишвар бо судури як қарор дар моҳи сентябри соли 2018 имтиёзи истифодаи обу барқу гази ройгонро бекор кард.