Сафар Исҳоқов, сарвазири пешини Қирғизистон дар остонаи шуруи баррасии парвандаи марбут ба фасодкорӣ дар доираи навсозии маркази гармидиҳии шаҳри Бишкек изҳорот нашр кард.
Дар изҳороте, ки рӯзи 9 апрел нашр шуд, вай гуфтааст, натиҷаи тафтишот нишон дод, ки парвандааш комилан "сиёсӣ ва фармоишӣ" аст.
"Шахсан маро дар пуштибонии манфиатҳои ширкати чинӣ муттаҳам мекунанд. Дар ҳоле, ки ин ширкатро ҷониби Чин иҷрогар таъйин карда буд. Зеро навсозиро Чин сармоягузорӣ мекард ва ҳақ дошт, ки ширкатро интихоб кунад", - гуфт Исҳоқов.
Исҳоқов афзуд, 1,5 сол пеш тасаввур намекард, ки "тавҳин ва дар фасодкорӣ айбдор" мешавад. "Волидон ва дӯстони аз ман бузургтар тавре тарбияам кардаанд, ки порахӯрон ва фасодкоронро бад мебинам", - омадааст дар изҳороти сарвазири пешин.
Баъди садамаи 26 январи соли 2018 дар маркази гармидиҳии Бишкек се парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Яке аз ин парвандаҳо марбут ба фасодкорӣ ҳангоми интихоби ширкати кироякор аст. Тафтишот мегӯяд, шахсони масъул аз манфиатҳои ширкати TBEA ҷонибдорӣ кардаанд.
Ҳашт тан аз мансабдорони баландпояи Қирғизистон - аз ҷумла сарвазирони пешин Сафар Исҳоқов ва Жантор Сатиболдиев, вазири пешини энержӣ, раиси пешини Холдинги миллии энержӣ, роҳбари ширкати пойгоҳҳои барқӣ, вазири молияи Қирғизистон дар доираи парвандаи мазкур айбдор мешаванд.
Додситонии кулли Қирғизистон Откурбек Ҷамшедов пештар гуфт, тафтишот ҳамчунин ба кори президенти пешини ин кишвар Алмосбек Отамбоев низ баҳои ҳуқуқӣ хоҳад дод.
Қарор аст, баррасии парвандаи фасодкорӣ дар доираи навсозии маркази гармидиҳии шаҳри Бишкек фардо - 10 апрел баргузор шавад.