Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо аз Навалний ҳимоят кард

Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар рӯзи 9 апрел ҳукм кард, ки мақомоти Русия соли 2014 бо маҳкум кардани Алексей Навалний ба ҳабси хонагӣ ҳуқуқи ин сиёсатмадори мухолифи ҳукуматро нақз кардаанд. Додгоҳи аврупоӣ дар ҳукми рӯзи 9 апрели худ гуфт, ки “маҳдудияти ҷоришуда, аз ҷумла мӯҳлати маҳдуди муоширати ӯ, ки аз ҷониби додгоҳҳо муқаррар шуд, бо иттиҳомоти зидди ӯ мутаносиб нест”. Додгоҳи аврупоӣ гуфт, ки Русия эъломияи аврупоӣ оид ба ҳуқуқи башарро нақз кардааст. “Ӯ ба хотири маҳдуд шудани фаъолиятҳои ҷамъиятиаш ба чунин ҳукм гирифтор шуд”, гуфта шудааст дар хулосаҳои додгоҳи аврупоӣ.

Навалний як сиёсатмадори мунаққиди Кремлин ва ҳам муҳаққиқи фасоду ришвахориҳои аъзои баландпояи ҳукумати Русия мебошад. Навалний ба додгоҳ шикоят карда гуфт, ки тасмими додгоҳи шаҳри Маскав барои ба ҳабси хонагӣ гирифтани ӯ бо дархости муфаттишон дар замони таҳқиқи қазияи азхудкунии маблағҳо, ки зидди ӯву бародараш Олег ва ширкати фаронсавии косметикии Yves Rocher боз шуда буд, нақзи қонун аст. Додгоҳ декабри соли 2014 ӯву бародарашро дар азхудкунии 442 ҳазор доллар маблағҳои бахши русии ширкати Yves Rocher ва як ширкати дигар айбдор кард. Вале додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо воқеъ дар Страсбург моҳи октябри сли 2017 гуфт, ки додгоҳҳои Русия ҳуқуқи бародарон Навалнийро барои дастрасӣ ба мурофиаи озод нақз кардаанд.