Вакилони мудофеи раҳбари пешини ширкати "Алфа телеком" (бренди тиҷорияш "Мегаком") Азамат Мурзалиев мегӯянд, муҳлати ҷазои шахси зери ҳимояи онҳо 1 сол кам карда шуд.
Ба гуфтаи онҳо, Додгоҳи олии Қирғизистон пас аз ба иҷро даромадани кодексҳои нав парвандаи Мурзалиевро бозбинӣ ва муҳлати ҷазояшро аз 12 ба 11 сол кам кардааст. Вале вакилони дифоъ аз қарори додгоҳ розӣ нестанд ва мегӯянд, ҳадди ақал то ба 6 сол бояд кам карда мешуд.
Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон соли 2012 гуфт, дар ширкати "Алфа Телеком" нақшаи фасодкориеро ошкор кардааст. Дар доираи парванда мудири ширкат Азамат Мурзалиев, мушовири ӯ Алмосбек Абеков, мудири ширкати "Новострой Сервис" Кенжебек Аман уулу боздошт шуданд. Онҳо ба истифодаи нақшаи фасодкорӣ ва расонидани беш аз 2 миллион доллар хисорот ба давлат айбдор шуданд.
Дар натиҷа Мурзалиев 12 сол, Абеков 25 сол ва Аман уулу 8 сол аз озодӣ маҳрум шуданд. Дертар Аман уулу шартан аз зиндон озод шуд.