Рӯзи 5 апрел ҳамаи 133 нозири андози ноҳияи Шайхонтоҳури шаҳри Тошканди Ӯзбекистонро аз кор рондаанд.
"Дастаи махсусе омад. Аз ҳамаи нозирон талаб кард, ки "бо хоҳиши худ ариза" нависанд. Гуфтанд, ки президент Мирзиёев ҳамин гуна дастур додааст. Ҳамаи 133 кормандро дар як рӯз сабукдӯш карданд", - гуфт як манбаи огоҳ.
Кумитаи давлатии андози Ӯзбекистон ин хабарро шарҳ надод.
Барканории дастаҷамъонаи кормандони андоз дар ҳоле сурат мегирад, ки рӯзи 4 апрел бо ҳузури Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон ҷаласа баргузор шуда буд. Дар он президенти Ӯзбекистон камфаъолии роҳбарони нозироти андози Тошкандро дар ҷамъоварии андоз танқид кард.
Дар ҷаласа гуфта шуд, ки камтаҷрибагии бархе кормандони андоз боиси содир гардидани камбудҳо ва ҷамъоварӣ нашудани пардохтҳо шудааст.