"Отатурк"-ро бастанд. Фурудгоҳи нави Истанбул ба кор оғоз кард

Фурудгоҳи нави байналмилалии Истанбул

Фурудгоҳи "Отатурк" дар Истанбул рӯзи шанбе кори худро қатъ кард. Акнун парвозҳо аз фурудгоҳи нави байналмилалии Истанбул анҷом хоҳад шуд, ки дар қисмати аврупоии шаҳр ҷойгир аст.

Интиқоли таҷҳизот аз фурудгоҳи "Отатурк" ба фурудгоҳи нав рӯзи ҷумъаи гузашта сурат гирифтааст. Бино ба хабарҳо, ҳафтсад мошини борбар тақрибан 50 ҳазор тонна борро аз фурудгоҳи "Отатурк" то фурудгоҳи нави Истанбул бурдаанд.

Дар фурудгоҳи нав беш аз 300 ҳавопаймои Turkish Airlines ҷойгир аст. Парвози нахустин аз фурудгоҳи нави Истанбул ба сӯи Анкара ва парвози охирин аз фурудгоҳи "Отатурк" ба самти Сингапур будааст.

Фурудгоҳи нави байналмилалии Истанбул рӯзи 29-уми октябри соли 2018 боз шуд. Ба сохтмони он беш аз 11 миллиард доллар харҷ кардаанд.

Мақомоти Туркия бовар доранд, ки фурудгоҳи нав дар мусофиркашонӣ дар ҷаҳон бузургтарин хоҳад буд. Ба қавли мақомот, фурудгоҳ қодир аст, дар як сол ба 150 миллион мусофир хидмат расонад.