Як пурсиши ахир дар Русия мегӯяд, ки аксари сокинони ин кишвар ғасби нимҷазираи Қримро аз дасти Украина пуштибонӣ мекунанд, вале шумори онҳое, ки чунин андешаро дар робита бо минтақаҳои шарқии Украина – Донетск ва Луҳанск тарафдорӣ мекунанд, камтар будааст. Пурсише, ки муштаракан аз ҷониби Маркази Левада ва шӯрои умури ҷаҳонии Чикаго анҷом шудааст, рӯзи 3 апрел нашр шуд. Дар ин пурсиш аксари сокинони Русия гуфтанд, ки сиёсати хориҷии кишварашон бадтар шуда, ба иқтисод ва сифати зиндагии мардум таъсиргузор шудааст. Дар паи ғасби Қрим дар соли 2014, аксари русҳо аз иқдомҳои президент Владимир Путин ҳимоят мекарданд ва далели муҳими ин пуштибонӣ ба афзоиши таблиғот ё пропагандаи телевизионӣ рабт мегирад. Вале бо коҳиши нишондодҳои иқтисодӣ, интиқоди мардум нисбати ҳукумати марказӣ ҳам бештар шуд.