Қосимҷомарт Тоқаев, президенти муваққати Қазоқистон ва Владимир Путин, президенти Русия дар поёни мулоқот дар Кремл рӯзи 3 апрел дар робита ба идомаи густариши муносибатҳои ду кишвар изҳороти муштарак нашр карданд. Дар изҳорот омадааст, ки Қазоқистону Русия "ҳеч талоши бадномсозии таърихи муштараки ду кишварро таҳаммул нахоҳанд кард".
Ҳамчунин гуфта шудааст, ки ҷонибҳо ҳамкорӣ дар доираи маҷмааи "Байконур", аз ҷумла амалисозии тарҳи бунёди маҷмааи мушакии "Байтерек"-ро идома медиҳанд. Ба иттилои Кремл, дар доираи сафари Тоқаев ба Русия чанд созишномаву шартномаи дигар ба имзо расидааст. Сафари Тоқаев ба Москва нахустин сафари хориҷии вай ба ҳайси роҳбари давлат аст. Тоқаев рӯзи 20 марти соли ҷорӣ президенти муваққат таъйин шуд.