Додгоҳи Манғистау қарор нисбат ба Сония Тойкенро бетағйир гузошт

Светлана Глушкова (аз чап) ва Сония Тойкен

Додгоҳи минтақавие дар ғарби Қазоқистон қарори зинаи поёнии додгоҳро тасдиқ ва журналисти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Сония Тойкенро ба пардохти ҷарима вазифадор кард. Додрас Нурсапа Примашев аз додгоҳи минтақавии Манғистау дар шаҳри Оқтау аризаи шикоятии журналистро рад намуд ва дар ҳукми шоми 2 апрелаш гуфт, ки қарори додгоҳ дар бораи талаби пардохти ҷарима қонунӣ аст. Ҳукми додрас дар ҳоле қироат шуд, ки худи журналист ба нишони эътироз аз он, ки мурофиа бидуни ширкати вакили дифояш баргузор шуд, толорро тарк карда буд. Вакил бо сабаби кор дар шаҳри дигари Қазоқистон Оқтауро тарк карда буд.

Примашев ба дархости Тойкен, ки ҳукм рӯзи 3 апрел дар ҳузури вакили дифояш қироат шавад, посухи рад дод.

Моҳи гузашта додгоҳе дар шаҳри Жанаозен гуфт, ки Тойкен ба хотири гӯш надодан ба амри полис ба пардохти 135 доллар ҷарима мешавад.

Дар мурофиаи ҷудогонае, ки 2 апрел дар шаҳри Нурсултон, пойтахти Қазоқистон ҷараён гирифт, журналисти ТВ «Настоящее время» Светлана Глушкова ба пардохти 66 доллар ҷарима барои гӯё осеб расонидан ба як духтари наврас маҳкум шуд. Ин ҳодиса дар ҷараёни пӯшиши хабарии эътирози мардумӣ аз иваз шудани исми шаҳри Остона ба Нурсултон рӯй дод. Глушкова иттиҳомотро комилан рад карда гуфтааст, ки ҳукми додгоҳ дорои ангезаҳои сиёсӣ мебошад.