Комисcияи марказии интихоботии Туркманистон интихоботи рӯзи 31-уми марти порлумон ва шӯроҳои маҳаллиро баргузоршуда эътироф кард. Ба иттилои расмӣ, беш аз 90 дар сади сокинони соҳиби раъй дар интихобот ширкат варзидаанд.
Телевизиони "Настоящее Время" гузориш дод, ки ин нишондод барои Туркманистон хеле паст аст. Зеро дар интихоботи президентии соли 2017, ба иттилои расмӣ, 97 дар сади сокинони дорои ҳаққи раъй иштирок карда буданд.
Мақомоти Туркманистон дар бораи интихоботи порлумонии рӯзи 31-уми март иттилои дигар надодаанд.
Танҳо нозирони маҳаллӣ ҷараёни интихоботи порлумониро назорат карданд. Комиссияи марказии интихоботӣ гуфт, раъйдиҳӣ дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ доир шуд. Дар қитъаҳои раъйдиҳии марказҳои вилоятҳо ва пойтахти кишвар шаҳри Ишқобод дурбинҳои назоратӣ насб шуда буд.