Шарофиддин Гадоев дубора раҳбари ҷунбиши "Ислоҳот ва рушд" шуд

Шарофиддин Гадоев

Дар изҳороте ҷумбиши “Ислоҳот ва рушд” гуфт, ки дар нишасти изтирории ин созмон рӯзи 31 март дар шаҳри Эйдховени Ҳолланд як маркази ҳамоҳангсозии «Ҳомиёни Ватан» таъсис шуд, ки ҳадафи асосии он – кӯмак дар демократикунонии ҷомеаи Тоҷикистон аст.

Дар изҳорот гуфта мешавад, ки ин марказ бо сарҷамъ овардани «тарафдорон дар дохил ва хориҷи кишвар” мехоҳад дар самти “таҳкими ҳисси ватандӯстӣ”, муттаҳид кардани “ҳаракату созмонҳо барои бунёди як давлати иҷтимоӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бар асоси принсипҳои демократӣ ва адолати иҷтимоӣ” ва дигар ҳадафҳо амал кунад.

Шарофиддин Гадоев, як фаъоли мухолифи ҳукумати Тоҷикистон дар ин нишаст дубора раҳбари ҷумбиши "Ислоҳот ва рушд" интихоб шуд. Шарофиддин Гадоев рӯзи 15-уми феврал дар Душанбе пайдо шуд ва дар навори видеоӣ гуфт, ки “ихтиёрӣ баргаштааст”. Ҷонибдоронаш ба ин бовар надоштанд ва мегуфтанд, ӯ рабуда шудааст. Дар давоми ду ҳафтаи талошҳои ҷомеаи байналмилалӣ, аз ҷумла намояндагиҳои дипломатии Иттиҳоди Аврупову ҳукумати Ҳолланд, Гадоев озод шуд ва ба Ҳолланд баргашт. Дар нишасти матбуотие пас аз бозгашт гуфт, ки ӯро бо шиканҷа аз Русия ба Тоҷикистон рабуда буданд.

Шарофиддин Гадоев, рӯзи 1-уми апрел дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки пас аз қазияи рабуда шудан ва дубора озод шуданаш “беш аз 100 нафари дигар” ба сафи онҳо пайваст.

Шарофиддин Гадоев, раҳбари ҷунбиши «Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон» мегӯяд, додситонии Ҳоланд ба тафтиши парвандааш идома медиҳад ва мақомоти Ҳолланд ҳамчунин баргардонидани шиноснома ва корти ҳувиятии ӯро аз мақомоти Тоҷикистон дархост кардаанд.

“Намедонам, ки ҳуҷҷатҳои ман дар Русия аст ё дар Тоҷикистон, вале ман тариқи шиносномаи хориҷии Тоҷикистон, ки вақти он ҷо будан бароям доданд, сафар кардам. Бе ягон раводид. Ин ҳуҷҷатҳо моли Ҳолланд ҳисоб мешаванд ва онҳо бояд баргардонида шаванд,” - гуфт ӯ.

Мақомоти Тоҷикистон, ки рӯзҳои аввал мегуфтанд, гӯё Гадоев “ихтиёрӣ ба ватан баргаштааст”, пас аз бозгашти ӯ ба Аврупо дигар ҳеҷ гоҳ ин мавзӯъро шарҳ надоданд.

“Додситонии Ҳолланд тафтишро ҷиддӣ идома медиҳад ва рақами парвандае, ки тафиш мешавад, ба ман гуфтанд. Бо онҳо сӯҳбат доштем. Бо мақомоти Русия ва аз тариқи Вазорати корҳои хориҷӣ бо мақомоти Тоҷикистон низ дар тамос ҳастанд,” - гуфт ӯ.

Ин иттилоъро мақомоти Ҳолланд ҳанӯз тасдиқ ва ё рад накарданд.

Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба ин савол, ки оё мақомоти Ҳолланд тамосҳое барои таҳқиқи қазияи рабуда шудани Гадоев дошт ё на, посух надоданд. Як манбаъ дар Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 1-уми апрел гуфт, онҳо ҳеҷ дархост ё шарҳе аз ягон мақомоти аврупоӣ дарёфт накардаанд.

Қазияи Шарофиддин Гадоев, ки ҳоло ба гуфтаи ӯ, аз ҷониби додситонии Ҳоланд таҳқиқ мешавад, дар миёнаи моҳи феврал сару садои зиёде ба бор овард.

Гадоев пас аз бозгашт гуфт, ки зери латукӯбу шиканҷаи ходимони интизомӣ қарор гирифт ва аз ӯ тақозо шуд, ки барои пуштибонӣ аз ҳукумат ва таблиғи номзадии писари президенти Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар интихоботи президентии соли 2020 розӣ шавад.

Дар хориҷи Тоҷикистон, асосан дар кишварҳои аврупоӣ даҳҳо тоҷикистониёне зиндагӣ мекунанд, ки мегӯянд, дар паи саркӯб шудани мухолифон ва маҳдуд шудани фазои сиёсӣ дар кишвар дар ин давлатҳо паноҳанда шудаанд.

Дар миёни онҳо аъзои ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, “Гурӯҳи 24”, журналистон, вакилони дифоъ, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошанд. Созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ мегӯянд, ки баъди интихоботи президентии соли 2013 фазои сиёсии Тоҷикистон маҳдуд шуд ва дар интихоботи парлумонии ду сол баъдаш ҳеҷ як ҳизби мухолифи ҳукумат ба узвияти маҷлис роҳ наёфт.

Дар соли 2015 ҳукумати Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзода, собиқ муовини вазири дифоъ ва раёсати ҳизби наҳзати исломиро дар терроризм муттаҳам кард. Ҳизби наҳзат ин иттиҳомро рад мекунад.

Вале дар пасманзари чунин таҳаввулот даҳҳо фаъоли сиёсӣ боздошту зиндонӣ шуданд ва ё тарки кишвар карданд.

Шарофиддин Гадоев чанд сол пеш аз ин таҳаввулот Тоҷикистонро тарк кард ва ба мунаққиди ҳукумат табдил шуд. Ӯ соли 2015, баъди кушта шудани муассиси созмони “Гурӯҳи 24” Умаралӣ Қувватов, муддате раҳбарии ин созмонро ба ӯҳда гирифт.

Гадоев тавассути веблогҳои фейсбукиаш ҳукумати Тоҷикистонро танқид мекунад ва ба ҳамин хотир, бисёриҳо ба бозгашти ихтиёрии ӯ ва ҳам ҳам гӯё пушаймон шуданаш аз фаъолиятҳои сиёсӣ шубҳа карда буданд.