Дар Узбекистон ҷасади модару се кӯдак аз қубури об пайдо шуд

Дар ноҳияи Хӯҷайлии Қарақалпоқистон 28 март ҷасади занеро бо се кӯдакаш аз қубури об пайдо карданд. Дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки модару кӯдакон дар натиҷаи худкушӣ ё тасодуф ҷон бохтаанд.

Ба гуфтаи яке аз ҳамсояҳои ин хонавода, кӯдакон 7-моҳа ва 2-3-сола буданд. "Дар наздикии хонаи мо қубури об аст, ки болояш кушода мебошад. Сокинони деҳа аз оби он истифода мекунанд. Ҳоло маълум нест, ки кӯдакон аз беэҳтиётӣ ба қубур афтидаанд ё онҳоро касе партофтааст. Пулис ҳодисаро тафтиш дорад", - гуфт ҳамуҳбати мо 29 март.

Ҳамсояҳои хонаводаи мазкур мегӯянд, падари кӯдакон ҳангоми рух додани ҳодиса дар хона набудааст.

Дар Идораи пулиси Хӯҷайлӣ гуфтанд, ки дар робита ба марги сокини 32-солаи деҳаи "Саршунгул" ва се кӯдакаш парванда боз шудааст.

"Дар ҷасади кӯдаки дувумӣ ва хурдӣ нишонаҳои марги маҷбурӣ дида мешавад. Яъне, эҳтимол дорад, кӯдаконро аввал хафа карда, сипас ба қубур партофта бошанд. Модару кӯдаки калонӣ дар дохили қубур ҷон додаанд. Эҳтимоли куштори дастаҷамъӣ ё худкушӣ будани ҳодиса вуҷуд дорад. Вале дар ҳоли ҳозир дақиқ чизе гуфта наметавонем. Тафтишот идома дорад", - гуфт як манбаъ дар мақомоти пулиси Хӯҷайлӣ.