Як мард дар Эрон нӯҳ узви хонаводаи ҳамсарашро куштааст

Ҳусейн Идӣ – фармондеҳи интизомии Дизфул – дар ҷануби ғарби Эрон хабар дод, ки як мард нӯҳ узви хонаводаи ҳамсарашро бо зарби тир ё гулӯла кушта ва як нафари дигарро маҷруҳ кардааст. Ҳодиса шоми 30-юми март рух дода, гумонбарро низ бо захмҳои гуногун ба бемористон бурдаанд. Хабаргузории давлатии ИРНА навишт, ин мард қабл аз онки ба сӯи худ оташ кушояд, нӯҳ узви хонаводаи ҳамсарашро бо тири “Калашников” парронд. Даъвои онҳо аз қабл будааст. Аъмоли хушунатбор бо истифода аз туфанг дар Эрон зиёд рух намедиҳад, чун барои доштани туфанги шикорӣ бояд иҷоза бигиред. Дар моҳи январи соли 2017 як мард дар шаҳри Арак панҷ нафарро парронда буд. Аз он пештар марди дигаре бо истифода аз туфанг дар ҷануби Эрон даҳ хешашро кушт.