Муҳаққиқ: Саудӣ ба маълумоти шахсии Ҷефф Безос даст ёфтааст

Ҷефф Безос

Як муҳаққиқи амниятӣ, ки аз сӯи ширкати “Амазон” ба кор гирифта шудааст, мегӯяд, мақомҳои Арабистони Саудӣ телефони Ҷефф Безос, раиси иҷроии ширкатро ҳак карда ва ба маълумоти шахсии ӯ даст ёфтаанд.

Гевин де Беккер рӯзи 30-юми март дар саҳифаи интернетии The Daily Beast навишт, “муфаттишони мо ва чанд мутахассис бо бовармандӣ ба ин натиҷа расиданд, ки мақомҳои Саудӣ ба телефони Безос дастрасӣ ҳосил карда ва иттилооти шахсии ӯро ба даст овардаанд.”

Ҷефф Безос аз бузургтарин миллиардерони ҷаҳон аст.

Рӯзномаи “Вошингтон Пост”, ки Безос молики он аст, соли гузашта хабари кушта шудани Ҷамол Хошуқҷӣ, хабарнигори Саудиро дар консулгарии ин кишвар дар Истанбули Туркия нашр карда буд.

Гевин де Беккер, муҳаққиқи қазияи ҳак шудани телефони Безос, мегӯяд, Арабистони Саудӣ дар симои рӯзномаи “Вошингтон Пост” бузургтарин душмани худро мебинад.