Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, аз рӯи парвандаи ошӯб дар зиндони рақами сеи Хуҷанд 33 зиндонӣ ва 9 корманди маҳбас ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.
Хабаргузории "Азия-Плюс" рӯзи 29-уми март навишт, Юсуф Раҳмон ҳангоми суханронӣ дар палатаи болоии порлумони Тоҷикистон гуфт, мурофиаи кормандони зиндон дар Хуҷанд пушти дарҳои баста ҷараён дорад. Ба қавли ӯ, дар миёни айбдоршавандаҳо собиқ раиси зиндон низ ҳаст.
Ҳамаи онҳо бар асоси моддаҳои “хунукназарие, ки аз баэҳтиётӣ боис ба марги инсон ва ё дигар паёмадҳои сангин шудааст" муҳокима мешаванд.
Парвандаи ошӯб дар зиндон мӯҳри махфӣ дорад ва то кунун мақомоти сохторҳои интизомӣ ҳодисаи шаби 7 ба 8-уми ноябрро пурра ошкор накардаанд.
Ба иттилои расмӣ, ошӯб дар зиндони низомаш сангин, ки макони нигаҳдории маҳкумшудаҳо барои ифротгароиву терроризм буд, давоми чанд соат идома кард ва мақомот тавонистанд, аз ҷумла бо даъвати нирӯҳои ОМОН, онро фурӯ нишонанд.
Дар ин ҳодиса 25 нафар, аз ҷумла ду нозири зиндон кушта шудаанд. Дар шарҳи расмии сабабҳои ошӯб мақомот гуфтанд, ки зиндониҳо талош карданд аз маҳбас фирор кунанд. Вале манобеи ғайрирасмӣ мегӯянд, бадрафторӣ ва шиканҷаи маҳбусон сабаби сар задани ошӯб шуда буд.
Таҳқиқи ин ҳодисаро, ки пурқурбонитарин дар таърихи зиндонҳои Тоҷикистон гуфта мешавад, Додситонии кулли кишвар анҷом дод. Ҷузъиёти ин ҳодиса барои матбуот ва ҷомеа пурра рӯшан нашудааст ва хешовандони зиндониҳо ҳам мегӯянд, ки дар бораи ҷараёни мурофиа, сарнавишти наздикон ва дастрасии айбдоршавандаҳо ба вакили дифоъ иттилоъ надоранд.
Созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ аз мақомоти Тоҷикистон тақозо карданд, ки ин парванда шаффофу одилона баррасӣ шавад.