Созиши Бишкеку Москва: пойгоҳи Кант густариш меёбад

Сооронбой Ҷеенбеков ва Владимир Путин

Дар сафари давлатии президенти Русия Владимир Путин ба Қирғизистон ҷонибҳо ба созиш расиданд, ки ҳудуди пойгоҳи низомии Канти мутааллиқ ба Русияро 60 га густариш диҳанд.

Ба иттилои расмӣ, иҷораи солонаи пойгоҳи ҳавоӣ аз 4,5 миллион доллари кунунӣ ба 4,79 миллион расидааст. Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки қоидаҳои истифодаи дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин дар ҳудуди пойгоҳ тағйир хоҳад ёфт.

Райимбердӣ Дуйшенбиев, сардори Ситоди кулли неруҳои Қирғизистон гуфт, тағйирот дар созишнома имкон медиҳад, ки хатти парвозу нишасти пойгоҳи Кант таъмир шавад.

Протоколи нав баъди тасдиқи он аз сӯи ду кишвар ба иҷро хоҳад даромад.

Се рӯз пеш аз ин Алибек Ҷекшенқулов, сафири Қирғизистон дар Русия гуфт, ки Бишкек таъсиси пойгоҳи нави Русияро дар ҷануби кишвар аз эҳтимол дур намедонад.

Жениш Раззоқов, ноиб-сарвазири Қирғизистон гуфта буд, ки дар ҷараёни сафари Путин имзои 65 созишноми дуҷониба дар ҳаҷми 12 миллиард доллар дар назар аст.