Котиби давлатии ИМА Майк Помпео изҳори умедворӣ кард, ки ИМА ва муттафиқони дигари ғарбӣ дар рӯзҳои наздик метавонанд тадбирҳои иловагиро дар муқобили таҷовузи Русия ба Украина рӯи даст бигиранд. “Умедворам, ҳафтаи оянда ҳамкорони мо дар НАТО метавонанд як силсила тадбирҳоеро алайҳи Русия эълон кунанд, ки дар посух ба амалҳои ин кишвар дар Қрим ва баҳри Азову минтақа анҷом мешавад”.
Ин ҳарфҳоро Помпео рӯзи 27 март дар Маҷлиси намояндагони ИМА изҳор кард. Қарор аст рӯзи 4 апрел аъзои НАТО ба муносибати 70-солагии паймони низомӣ дар Вашингтон ташкили ҷаласа кунанд. Помпео, ки дар бораи тадбирҳои эҳтимолӣ шарҳи бештаре надод, дар робита бо амалҳои Маскав дар Украина гуфт, “ман ҳанӯз намедонам, ки то куҷо мо ҳамаи кореро, ки аз дастамон меояд, анҷом додаем ё на”. Ӯ гуфт: “Мо пайваста назорат мекунем, ки на танҳо кӯмакҳои заруриро ба Украина ироа кунем, балки василаҳои дурустро ба кор бубарем. На танҳо василаҳои мисли силоҳу муҳимот, балки инчунин табодули иттилоъ. Яъне тамоми чизе, ки аз дасти мо меояд”.
Изҳороти Помпео чанд рӯз пеш аз баргузории даври аввали интихоботи Украина садо дод, ки қарор аст 31 март баргузор шавад.