Нигарониҳо аз моҳигирӣ ба воситаи барқ дар обанборҳои Узбекистон. ВИДЕО

Дар Узбекистон фаъолони анҷумани моҳипарварон ибрози нигаронӣ доранд, ки дар обанборҳои ин кишвар ҳолатҳои моҳигирии ғайриқонунӣ, бахусус дар айёми тухмгузорӣ афзоиш ёфтааст.

Аъзои "Клуби моҳигирони Тошканд" ахиран видеоеро нашр карданд, ки нишон медиҳад, бархе аз сокинон дар обанборҳои атрофи шаҳри Чирчик ғайриқонунӣ ба воситаи барқ бо моҳигирӣ машғуланд. Дар ин бора рӯзи 27 март бахши Узбекии Радиои Озодӣ хабар дод.

Узви маҳфили мазкур Ғайрат Акбаров мегӯяд, солҳои ахир моҳигирӣ ба воситаи дастгоҳҳои барқӣ афзоиш ёфтааст.

"Онҳо дастгоҳи барқие доранд, ки ба маҳзи андохтани он ба дохили об моҳиҳо беҳуш шуда, рӯи об мебароянд. Моҳигирҳо танҳо моҳиҳои бузургро гирифта, боқиро мепартоянд. Дар натиҷа ҳазорҳо моҳича маҳв мешавад", - изҳор дошт Акбаров.

Узви клуби моҳигирони Сирдарё Игор Нестеров низ тасдиқ кард, ки дар минтақаҳои дигари Узбекистон ҳам моҳигирии ғайриқонунӣ афзоиш ёфтааст. "Ин ҳолат моро нигарон кардааст. Зеро дар обанборҳо дигар моҳӣ намондааст. Ҳоло айёми тухмгузорӣ аст ва моҳигирӣ низ манъ мебошад. Вале бархеҳо бо дастгоҳи барқӣ моҳӣ мегиранд. Мутаассифона касе аз ин чиз нигарон нест", - изҳор дошт ӯ.

Намояндаи Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зисти Узбекистон низ гуфт, дар ин кишвар ҳолатҳои моҳигирии ғайриқонунӣ мушоҳида мешавад, вале зидди он пайваста рейдҳо мегузаронанд.

Ёдрас мешавем, дар Узбекистон аз 1 март то 28 май айёми тухмгузорӣ ба шумор рафта, моҳигирӣ дар ин мавсим манъ аст.