Боздошти як фаъоли Бишкек бо шиори "Путин – ишғолгар"

Рӯзи 27 март дар назди сафорати Русия дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон фаъоли ҷамъиятиеро боздошт карданд, ки зидди сиёсатҳои президенти Русия Владимир Путин эътироз мекард.

Ба гуфтаи ҳомии ҳуқуқ Рита Карасартова, фаъоли ҷамъиятӣ Нурлан Каримшаков дар даст шиорҳои "Путин - хушунаткор", "Ишғолгар", "Қотил" ва "Мо ба пойгоҳи низомӣ ниёз надорем" дошт.

Карасартова мегӯяд, боздоштшуда дар даъват ба адовати миллӣ айбдор мешавад. Мақомот манзили ӯро кофтукоб кардаанд.

"Пулис бо такя ба назари коршиносон хулоса кард, ки шиорҳои Каримшаков даъват ба хусумати миллӣ ҳастанд ва нисбати вай бо моддаи "Ангехтани адовати нажодӣ, қавмӣ, миллӣ, динӣ ва ё минтақавӣ" парванда боз кард", - гуфт Карасартова.

Каримшаковро ҳамроҳ бо ҳамсараш ба раёсати корҳои дохилии Бишкек бурда ва давоми 15 соат обу ғизо надодаанд, мегӯяд ҳомии ҳуқуқ.

Имрӯз, 28 март, дар шаҳри Бишкек сафари давлатии президенти Русия Владимир Путин баргузор мешавад.