Залмай Халилзод ба Афғонистон меравад

Фиристодаи ИМА, ки ба хотири хатми ҷанг дар Афғонистон бо Толибон гуфтугӯ мекунад, дубора вориди минтақа хоҳад шуд. Залмай Халилзод, ки аз ҷониби Вашингтон раҳбарии музокиротро ба ӯҳда дорад, барои он интиқод мешавад, ки дар ҷараёни гуфтугӯҳо бо Толибон ҳукумати Афғонистонро сарфи назар кардааст. Рӯзи 26 март Халилзод дар шабакаи Твиттер навишт: «Ман дубора ба роҳ баромадам, то ки дастовардҳои моҳи гузаштаро амалӣ кунам. Хабарҳоро пайгирӣ кунед, чун мо талошҳои ба ҳам овардани афғонҳоро ба хотири баррасии ояндаи кишварашон вусъат мебахшем».

Халилзод, ки раҳбарии ҳайати музокиротӣ бо Толибонро ба ӯҳда дорад, то имрӯз дар Қатар чандин даври музокиротро бо Толибон барпо намуд. Ҳукумати Кобул, ки аз ғарб пуштибонӣ мешавад, шикоят дорад, ки намояндагони ҳукумати расмӣ дар музокираҳо сарфи назар шуданд, вале Толибон гуфтаанд, ки бо ин ҳукумате, ки «як лӯхтаки Ғарб» аст, музокира намекунанд. Халилзод гуфт, ки дар Кобул «бо ҳукумати Афғонистон ва дигар афғонҳо дар бораи ҷараёни гуфтугӯҳо бо Толибон» сӯҳбат карда, онҳоро ба таъсиси «як тими музокиракунандаи дохилӣ ташвиқ мекунад», гуфтааст Департаменти давлатӣ.