Садҳо ҳазор нафар дар Лондон, маркази Бритониё, тақозо карданд, ки ҷараёни берун рафтани ин кишвар аз узвияти Иттиҳодияи Аврупо боздошта шавад. Онҳо талаб доранд, дар ин маврид референдум ё раъйпурсии такрорӣ баргузор гардад.
Дар раъйпурсии тобистони соли 2016 беш аз 50 дар сади шаҳрвандони Бритониё хоста буданд, ки кишварашон аз Иттиҳодияи Аврупо ҷудо шавад. Ҳоло зоҳиран мухолифони ин тасмим бештар шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, нашрияи The Sunday Times рӯзи 23-юми март хабар дод, ки нахуствазир Тереза Мэй бо "табаддулот" рӯбарӯст ва рӯзи 25-уми март дастикам 11 вазир истеъфои ӯро талаб хоҳанд кард.
Тим Шипман, муҳаррири сиёсии нашрия, бо такя ба манбаъ дар кобинаи вазирони Бритониё гуфт, "охираш наздик омадааст. Ӯ бояд дар давоми даҳ рӯзи дигар биравад."
Яке аз номзадҳои эҳтимолӣ ба мақоми нахуствазири Бритониё Дэвид Лидингтон ном бурда мешавад, ки дар ҳоли ҳозир котиботи шӯрои вазиронро раҳбарӣ мекунад. Инчунин, вазири умури хориҷӣ Ҷереми Ҳант ва вазири ҳифзи муҳити зист Майкл Гоув аз номзадҳои дигари эҳтимолӣ гуфта мешаванд.
Қарор буд, хуруҷи Бритониё аз узвияти Иттиҳодияи Аврупо рӯзи 29-уми март оғоз шавад. Аммо ҳафтаи гузашта Иттиҳодияи Аврупо розӣ шуд, ки ин маъракаро то 12-уми апрел ба таъхир гузорад.
Порлумони Бритониё дар аввали моҳи марти имсол дар робита ба созишномаи бурунрафти ин кишвар аз Иттиҳодияи Аврупо раъйгирӣ баргузор кард ва онро рад намуд. Порлумони Бритониё моҳи январ низ зидди тарҳи пешини созишномаи бурунрафт раъй дода буд.