Иҷозатнома барои сиёҳ кардани шишаи мошинҳо 27% гарон шуд. ВИДЕО

Нархи иҷозатнома барои сиёҳ кардани шишаи мошинҳо дар Тоҷикистон 27 дар сад афзудааст. Дар ин бора қарори ҳукумати Тоҷикистон содир шуд ва аз моҳи апрели имсол ба иҷро медарояд.

Муштариён аксар вақт мошинҳои сиёҳшишаро интихоб мекунанд. Барояшон роҳаттар аст. Барои намоишкорӣ не, барои ёфтани муштарии бештар шишаи мошинамро сиёҳ кардаам

Мувофиқи ин санад, ки нусхааш рӯзи 23-юми март дастраси Радиои Озодӣ гардид, барои сиёҳ кардани шишаи мошинҳои истеҳсолашон то соли 2005 ронандагон ба Бозрасии Давлатии Автомобилӣ бояд 3 ҳазору 575 сомонӣ (муодили 350 доллар) супоранд. То кунун нархи чунин иҷозатнома 2 ҳазору 750 сомонӣ (270 доллар) буд.

Ронандагони мошинҳои соли истеҳсолашон 2005 ва навтар аз он, барои гирифтани иҷозатномаи шишаи сиёҳ 4 ҳазору 730 сомонӣ (470 доллар) бояд пардохт кунанд. То ба ҳол моликони чунин мошинҳо, 62 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ё 3 ҳазору 410 сомонӣ (340 доллар) боҷ месупориданд.

Нишоне аз сарват ё ночорӣ?

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Намуди ягонаи таксӣ дар пойтахт. Ҳукумат ба ронандагон 6 моҳ муҳлат дод

Мувофиқи қонун ронандагон бо гирифтани иҷозатнома ҳақ доранд, танҳо шишаи қафои мошин ва паҳлӯи онро сиёҳ кунанд. Сиёҳ кардани шишаи пеши мошин иҷозат нест. Ба мошинҳое, ки бо шишаи сиёҳ аз хориҷ ба Тоҷикистон оварда мешаванд, даҳ рӯз муҳлат дода шудааст, то иҷозатнома бигиранд.

Сиёҳ кардани оинаи мошинҳо дар Тоҷикистон нишоне аз сарват ва намоиши он пазируфта мешавад. Аммо бархе аз ронандагон мегӯянд, сиёҳ кардани шишаи мошин танҳо ба хотири худнамоишдиҳӣ нест, балки як зарурат низ ҳаст.

Сиёвуш Мамадёров, ронандаи тоҷик, ки барои соҳибкорон, роҳбарони ширкатҳо ва ё аҳли оилаи онҳо тибқи фармоиш хидмат мерасонад, гуфт, "муштариён аксар вақт мошинҳои сиёҳшишаро интихоб мекунанд. Барояшон роҳаттар аст. Ман барои намоишкорӣ не, балки барои ёфтани муштарии бештар оинаҳои мошинамро сиёҳ кардаам", - афзуд ӯ.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Манъи сафари ронандаҳои тоҷик бо мошинҳои сиёҳшиша ба Узбекистон

Мамадёров, ки харҷи рӯзгорашро аз ҳисоби ронандагӣ меёбад, гуфт, гарон шудани нархи иҷозаи сиёҳ кардани шишаи мошин ба ҷайби ӯ ва даҳҳо дигар ронанда зарба мезанад. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи ӯ, "аз тарафи дигар, иқлими Тоҷикистон хеле гарм аст. Агар оинаи мошин сиёҳ набошад, зери нури офтоб дохили мошин метасфад ва толор зуд фарсудаву бенур мешавад."

Дар қарори нав, ки аз моҳи апрели имсол ба иҷро медарояд, ба ронандагони таксӣ ва мусофирбарҳо дар саросари кишвар додани иҷозати шишаҳои сиёҳ ва тира ё хира манъ шудааст.

Ин дар ҳолест, ки охири соли гузашта ширкатҳои хадамоти таксӣ дар Душанбе аз кормандони худ хоста буданд, то аз истифодаи мошинҳои сиёҳшиша даст кашанд.

Видео аз бойгонии Озодӣ:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Таксиҳои сиёҳшишаи Душанберо куҷо бурданд?

Пули иҷозтаномаҳо куҷост?

Дар шаҳри Душанбе даҳҳо мошини сиёҳшиша мусофиркашонӣ мекунанд. Бархе аз сокинон вуҷуди чунин таксиҳоро барои гурез аз чашми мардум ваё пинҳон кардани мушкили худ муҳим медонанд. Аммо бархеи дигар мегӯянд, ки чунин мошинҳо хатарноканд, чун маълум нест, дар дохили он бо Шумо чӣ рух хоҳад дод.

Тоҷикистон аз соли 2000 то 2009 сиёҳ ва ё хира кардани шишаи мошинҳоро ба истиснои чаҳор нафар – президент, нахуствазир ва раиси ду палатаи порлумон – манъ карда буд.

Аз соли 2009 ба ин ҷониб ҳукумати Тоҷикистон сиёҳ ва ё хира кардани оинаи қафо ва паҳлӯи мошинҳоро бар ивази пардохти боҷи давлатӣ иҷозат дод.

Дар оғоз гуфта мешуд, пуле, ки аз судури иҷозатномаи сиёҳ кардани шишаи мошинҳо ба даст меояд, барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун равона мешавад. Аммо Бозрасии Давлатии Автомобилӣ гузориш надодааст, ки то кунун аз ин ҳисоб чӣ миқдор маблағ ба даст омад.