Фолгирии кишоварзон дар рӯзҳои Наврӯз. ВИДЕО

Деҳқонҳои тоҷик дар ҷануби Тоҷикистон пеш аз фаро расиданаи баҳор ва дар шабурӯзи Наврӯз 12 навъи ғалладонаро тар мекунанд ва баъди сабзидани донаҳо маълум мекунанд, ки кадом навъи он дар соли нав ҳосили хуб медиҳад.

  • Ин анъана дар миёни кишоварзон бо номи “фолгирӣ” машҳур аст.

Тӯрахон Сафаров, яке аз деқонони касбии ноҳияи Восеъ аст, ки ҳар сол дар заминҳояш гандум ва лӯбиёву нахуду зироатҳои дигарро мекорад. Сафаров ҳар сол барои худ ва ҳамсояҳои кишоварзаш фолгирӣ мекунад ва танҳо донагиҳои аз санҷишгузаштаро барои кишти баҳорӣ машварат медиҳад.

Ӯ мегӯяд, мувофиқи таҷрибаи гузаштаҳо, ки пеш аз интихоби дурусти зироате, ки бояд ба замин кошта шавад, аввал дар косае як каме донагиро дар дохили обе тар карда мегузорад, ки неш занад. Танҳо баъди ин ки ин зироат сабзиду аломат дод, ки сифатан хуб аст, ба замин кошта мешавад.

Бобои Тӯрахон ёд дорад, ки ойини фолгириро падару бобо ва бобокалонҳояш таҷриба мекарданд. Ӯ гуфт, ки маъмулан дар баҳорон сабзонидани 12 навъи ғалладона расм шудааст ва ин шумори зироат баргирифта аз 12 моҳи сол аст. Дар ин феҳрист гандуму ҷаву нахӯд, зағир, наск, мош ва ғайра ворид мешавад. Дар ҷараёни фолгирӣ мӯҳлат ё суръати сабз шудани донагӣ муҳим будааст, чунки бар асоси ин пешгӯӣ карда мешавад, ки кадом навъи ғалладона дар ин сол нашъунамои хуб мекунаду ҳосили фаровон медиҳад. Тӯрахон Сафаров дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт:

“Ростӣ, намедонам, чандсола будам, ки падари худораҳматиам қисса мекард ва ҳамин корро дар хона анҷом медод. Мегуфт, ки “бачам, кадоме аз инҳо хуб сабзад, дақиқ мешавад, ки ҳамон сол ҳамон ҳосили фаровон медиҳад”. Ҳамин кор аз пушт ба пушт ба мо омадааст ва ман низ аз падар омӯхтам ва падари худораҳматиам мегуфт, ки инро ойинӣ фолгирӣ мегӯяд ва мо низ инро карда омадем”.

Тӯрахон Сафаров 70 сол дорад ва мегӯяд, ки имсол аз фолгирии ӯ маълум аст, ки ҳосили гандум нисбати соли гузашта хуб мешавад. Ҳоло ӯ дар заминҳояш гандум, нахӯд, наск коштааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Фолгирии кишоварзон дар Наврӯз

Ба қавли Сафаров, чунин шеваи мушаххас кардани ҳосилнокии зироат дар маъхазҳои таърихӣ ҳам зикр шудааст. Ба нақли ӯ, боваре вуҷуд дорад, ки замони шоҳаншоҳии Сосониён 25 рӯз қабл аз ҷашни Наврӯз аз хишт 12 сутун сохта, даруни онҳоро ба хок пур карда, дар 12 сутун ғаладона мекоштаанд. Ӯ мегӯяд, ки аз равиши сабзиданӣ онҳо муваффақиятҳои кишоварзии соли ояндаро пешгӯӣ мекарданд.

“Ҳарчанд падару бобоҳоямон мегуфтанд, ки фолгирӣ кардан даркор ва фаҳмидан лозим аст, ки кадоме аз донагиҳо хуб месабзад, вале дар таърих низ ман хондаам, ки ин таҷриба дар давраи Сосониён низ анҷом мешудааст ва рамзи ҳамин 12 моҳи солро доштааст. Ҳамон солро тибқи боварҳо таҳқиқ мекардаанд, ки деҳқон муваффақ мешавад ё ин ки сол барои ӯ зараровар мегардад”, - гуфт ӯ.

Тӯрахон Сафаров мегӯяд, соле, ки накӯст, аз баҳораш пайдост ва изҳори умед кард, ки фоли гирифтаи имсолааш дуруст мебарояд.