Шумори заҳролудшудагон дар Қазоқистон ба 45 нафар расид

Дар шаҳри Чимкенти Қазоқистон шумори афроде, ки эҳтимолан дар наздикии мактаби рақами 54 аз газ заҳролуд шудаанд, ба 45 нафар расид. Сардухтури беморхонаи шаҳрии Чимкент Мадина Ёрмаханбетова 19 март гуфт, 41 тани заҳролудшудаҳо хонандагони мактабанд.

"Дараҷаи заҳролуд шудани ҳамаи онҳо сабук буд ва пас аз дарёфти ёрии тиббӣ ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд", - афзуд ӯ.

Пештар хабар доданд, ки 38 хонанда ва ду корманди мактаби рақами 54 бо нишонаҳои заҳролудшавӣ аз бӯи ғализе ба беморхона интиқол ёфта, ҳудуди 100 омӯзгору корманди мактаб ва 877 хонанда аз маҳалли заҳролудшавӣ кӯчонида шудаанд.

Як масъули Вазорати тандурустии Қазоқистон Жандарбек Бекшин рӯзи 19 март дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфт, "кӯдакон аз дарди сар ва меъда шикоят мекарданд. Ҳодиса пас аз нисфирӯзӣ рух дод. Он замон кӯдакон гурусна буданд ва баъди хурдани ғизо вазъашон беҳтар шуд".

Ба гуфтаи Бешкин, дар наздикии мактаби рақами 54 истгоҳе ҷойгир аст, ки сохтори интиқоли гази он фарсуда шудааст ва эҳтимол дорад, кӯдакон аз гази он заҳролуд шуда бошанд. Ӯ афзуд, ки кормандони озмоишгоҳи онҳо дар маҳалли ҳодиса ҳеч гуна маводи заҳрогинро ошкор накардаанд.