9 созмон ба намояндагӣ аз ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон аз Хадамоти зиддиинҳисорӣ талаб кардаанд, ки қарори боло бурдани нархи Интернет ва гуфтугӯҳои телефониро бекор кунад.
Онҳо гуфтаанд, боло бурдани нархи Интернет "бо вазъи иҷтимоӣ ва сатҳи даромади сокинон мувофиқ нест" ва ҳуқуқи бунёдии мардум, аз ҷумла озодии баёнро маҳдуд мекунад.
- Муроҷиатномаро роҳбарони созмонҳои "Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати Интернет", "Анҷумани ширкатҳои мобилӣ", "Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон", "Анҷумани миллии расонаҳои мустақил", "Иттифоқи истеъмолкунандагон", "Имкониятҳои баробар", "Баробарӣ" ва "Анҷумани соҳибкорони хурду миёна" рӯзи 17-уми март имзо кардаанд.
Татбиқи бандҳои ҳамин тасмим ба хилофи уҳдадориҳои байналмилалии Ҳукумати Тоҷикистон аст
"Бозори мухобиротро зери хатар мегузорад"
Бино ба қарори нави Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, нархи Интернет аз 27-уми марти имсол ду баробар гарон хоҳад шуд. Ҳоло нархи як гигабайт Интернет аз 30 то 35 сомонист. Дар сурати ба иҷро даромадани қарор, қимати он ба беш аз 60 сомонӣ, муодили тақрибан ҳафт доллари амрикоӣ мерасад.
Инчунин, нархи гуфтугӯҳои телефонӣ даҳ баробар гарон хоҳад шуд, аммо дар ин маврид "Тоҷиктелеком", ширкати вобаста ба Хадамоти алоқа, истисност.
Раҳбарони нӯҳ созмони иҷтимоии Тоҷикистон дар муроҷиати худ ин қарорро нақзи дастрасӣ ба иттилоъ ва монеа барои рақобату расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар донистаанд. Онҳо гуфтаанд, Хадамоти зиддинҳисорӣ "бо додани афзалият танҳо ба яке аз ширкатҳо рушди бозори телекоммукатсионӣ ва кулли иқтисоди кишварро зери хатар мегузорад".
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Маъракаи "ман зидди болоравии нархи Интернет" дар Тоҷикистон. ВИДЕО"Ба хилофи масъулиятҳои байналмилалии Тоҷикистон аст"
Ҷомеаи демокративу дунявӣ барои ҳар инсон фароҳам кардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро кафолат медиҳад. Баланд бардоштани нархи Интернет як қатор бахшҳои ҳаёти шаҳрвандонро маҳдуд карда, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро барои давлат мушкил мегардонад", - навишта шудааст дар муроҷиат.
Ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ба мақомот гуфтаанд, боло бурдани арзиши Интернет ба кори мактабҳову идораҳои давлатӣ ва низ ҳамкориҳои байналмилалӣ таъсир хоҳанд гузошт.
Онҳо навиштаанд, "татбиқи бандҳои ҳамин тасмим бар хилофи уҳдадориҳои байналмилалии Ҳукумати Тоҷикистон буда, ба манфиати Тоҷикистону бозори мухобиротии он дар шароити узвияти кишвар дар Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат таъсири манфӣ мерасонад."
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Интернет дар Тоҷикистон гарон мешавад. 1 гигабайт = 50 сомонӣ. ВИДЕОИнтернет дар Тоҷикистон: Суръат паст, нарх гарон
Нархи Интернет дар Тоҷикистон дар ҳоле гарон мешавад, ки сокинон аз суръати пасти он ва, инчунин, баста мондани чанд вебсайти хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ шикоят доранд.
Мақомот мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистонро аз омилҳои суст будани суръати Интернет дар кишвар мешуморанд ва ҳамчунин мегӯянд, буҳрони иқтисодӣ имкон надодааст, ки ширкатҳои мобилӣ технологияи 4G, технологияи пешрафтаи Интернети баландсуръатро дар саросари кишвар ҷорӣ кунанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Мақомот барои гаронии интернет дар порлумон посух мегӯянд. ВИДЕОАммо мунтақидон комилан таҳти назорат гирифта шудани Интернет ва бахусус суръати пасти онро ба мӯрӣ ё Маркази ягонаи коммутатсионӣ рабт медиҳанд, ки аз тарафи Хадамоти алоқа ташкил шудааст. Ва ҳамаи ширкатҳо муваззафанд, аз ҳамин мӯрӣ Интернет бигиранд. Суръати баланд ва тормози Интернет ҳам аз ин "мӯрӣ" вобаста аст.
Дар Тоҷикистон бино ба арзёбиҳои гуногун аз 15 то 40 дар сади аҳолӣ аз Интернет истифода мебаранд. Мақомоти Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ҳам мегӯянд, ки дар кишвар тақрибан 3 миллион истифодабарандаи Интернет аст.