Ҳамид Исмоилов: “То мақомот расман узр напурсад, намеравам”

Ҳамид Исмоилов

Ҳамид Исмоилов, сардори бахши Осиёи Марказии радиои Би-би-сӣ ва муаллифи романи "Базми ҷинҳо", ба суолҳои хабаргузории расмии Узбекистон (УзА) посух надодааст. Исмоилов дар Лондон зиндагӣ мекунад ва ҳафтаи гузашта ҷоизаи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушдро соҳиб шуд.

Хабарнигори УзА ба Ҳамид Исмоилов муроҷиат кардааст, то ба чанд суол дар бораи адабиёт ҷавоб гӯяд. Вале Исмоилов гуфтааст, ду сол қабл мақомоти Узбекистон ӯро бе сабаб аз кишвар ронданд. Ва афзудааст, то замоне мақомот аз ӯ расман узр нахоҳанд, ба Узбекистон нахоҳад рафт.

Дар ин бора рӯзи 15-уми март бахши узбекии Радиои Озодӣ хабар дод.

Ҳамид Исмоилов рӯзи якуми марти соли 2017 аз Лондон ба Тошканд рафт ва дар фурудгоҳи пойтахт дастгир ва ҳамон рӯз аз Узбекистон ихроҷ гардид.

Он вақт Исмоилов бо ҳайате аз намояндагони Бритониё ба онҷо рафта буд. Сабаби ихроҷи хабарнигор ва нависандаи узбек аз Тошканд то ҳанӯз маълум нест.

Ҳамид Исмоилов дар оғози солҳои навадум дар таҳияи филми ҳуҷҷатӣ дар бораи Узбекистон бо Би-би-сӣ ҳамкорӣ кардааст. Комиссияи давлатии Узбекистон ин филмро “хилоф бо ҷараёнҳои фарҳангии” он кишвар донист ва баъдан алайҳи Исмоилов парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Ӯро ба талош барои сарнагунии ҳукумат айбдор карданд.

Ҳамид Исмоилов соли 1992 Узбекистонро тарк кард ва аз он замон то кунун дар Лондон зиндагӣ мекунад.