Гумонбари ҳамла дар Зеландияи Нав дар додгоҳ ҳозир шуд

Брентон Таранти 27-солаи австралиягӣ, ки ба ҳамла болои ду масҷид дар Зеландияи Нав муттаҳам аст, рӯзи 16-уми март бори нахуст дар додгоҳ ҳозир шуд. Ӯ дар даст завлона ва дар тан либоси сафеди хоси зиндониҳоро дошт.

Додраси додгоҳи Крайстчерч, шаҳре, ки рӯзи 15-уми март болои ду масҷид ҳамла сурат гирифт, Брентон Тарантро расман ба қатл муттаҳам кард.

Тарант ба эълони иттиҳоми қатл ҳеч вокуниш нишон надод ва то 5-уми апрел дар боздошт хоҳад монд.

Рӯзи ҷумъа бар асари ҳамлаи террористӣ ба ду масҷид дар шаҳри Крайстчерчи Зеландияи Нав, ​49 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шуданд. Зеландияи Нав ба хотири ҳамлаҳои маргбор мотам эълон кардааст.

Нахуствазири Зеландияи Нав рӯзи ҷумъаро "рӯзи сиёҳ" дар таърихи кишвараш унвон намуд.