Се рӯз боз ягона роҳи мошингарди Исфара – Ворух, ки аз байни деҳаи Оқсойи Қирғизистон мегузарад, бастааст. Онро сарҳадбонони қирғиз баъди ҷанҷоли рӯзи 13-уми март маҳкам кардаанд.
Ҳасанбой Турсунов, сокини ҷамоати Ворух, рӯзи 13-уми март дар сангандозии тоҷикону қирғизҳо маҷруҳ шуд ва барои муолиҷа дар бемористони марказии шаҳри Исфара бистарӣ гардид. Ӯ ҳоло мунтазир аст, ки роҳ боз шавад ва ба хонаашон баргардад.
“Модару бародарам дар ҷамоати Ворух ҳастанд. Мо телефонӣ гап задем. Мегӯянд, ки роҳ бастааст ва ҳеч илоҷи рафтану омадан нест”, -гуфт ӯ рӯзи 15-уми март дар сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ.
Дар бемористони шаҳри Исфара чанд нафар аз сокинони рустоҳои наздимарзиро муолиҷа мекунанд. Ҳасанбой мегуяд, чун роҳ баста аст,маҷбур аст, дар инҷо бимонад. Рустам Аҳмадов, сокини дигари ҷамоати Ворух мушкили сахттар дорад. Хоҳараш аз бемории ҷигар ранҷмекашид ва се рӯз пеш дар бемористони маркази шаҳр фавтид, аммо наметавонад, ӯро дафн кунад.
“Илтимос мекунам, ки зуд масъаларо ҳал кунанд ва мо майити худро бурда, дар Ворух дафн кунем. Се рӯз боз ҷасадро дар мурдахона нигоҳ медорем”, - афзуд ӯ.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Баҳодур Аминҷонов, духтури шифохонаи Исфара, се рӯз боз наметавонад дар назди аҳли оилааш ба ҷамоати Ворух баргардад. Ӯ аз раҳбарони ду кишвар мехоҳад, масъаларо ҳал кунанд, то дигар мушкилпеш наояд. Аммо Аминҷонов гуфт, “масъаларо бояд хеле ҷиддӣ ва барои як умр ҳал кунанд.”
Ба дунболи муноқиша дар марз дар рӯзи 13-уми март, сарҳадбонони қирғиз ягона роҳи мошингарди Исфара – Ворухро бастанд. Дар натиҷаи сангандозӣ ва муноқишаи сокинони Исфара ва Бодканд, ки то рӯзи 14-уми март идома кард, ду шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуданд. Яке аз онҳо Расоиддин Тешаев ҳамзамон шаҳрванди Русия будааст.
Дар ин муноқиша даҳҳо нафари дигар, аз ҷумла ду нафар аз шаҳрвандони Қирғизистон (яке маъмури милиса) низ ҷароҳат бардоштанд.
Шурӯи роҳсозӣ аз тарафи Қирғизистон дар як минтақаи баҳсбарангези марзӣ аввал сабаби даъвои лафзӣ шуд ва ба низои маргбор кашид.Мақомоти ду кишвар рӯзи 15-уми март тавофуқ карданд, ки гунаҳкорони низоъро муайян ва нисбат ба онҳо “қарори воқеӣ” қабул мекунанд.
Тафсилоти ҳодисаро дар инҷо бихонед:
Натиҷаҳои аввали музокирот дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон. АКС
Марзбонони тоҷик: Вазъ дар марз бо Қирғизистон "мураккаб" боқӣ мемонад. ВИДЕО
Як кушта ва беш аз 20 захмӣ дар муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Баҳсҳои марзӣ дар водии Фарғона аз куҷо сарчашма мегиранд? ВИДЕО