Муноқишаҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз солҳои 20-уми асри гузашта реша мегирад.
Муноқишаи дувум тобистони соли 1989 бархост ва бори аввал садои тир ҳам баланд шуд. Ҳукумат қуюди шабгардӣ эълон кард ва намоянда аз Маскав омад.
Он замон ҳукумати Шӯравӣ ба тақсими водии Фарғона оғоз кард ва ин водии сераҳолӣ ва гуногунмиллатро ба ҷумҳуриҳои алоҳида табдил дод. Чунин тақсими фарҳангиву қавмӣ ва иқтисодӣ сабаби тазоҳуроти зиёди мардум шуд.
Тақсими сарҳадҳо аз соли 1924 шуруъ шуд ва соли 1929 хотима ёфт.
Барои тақсими қаламравҳо, болшевикҳо кумитаи махсус таъсис доданд, ки омори қадимӣ ва номукаммали Русияи императорӣ аз соли 1917-ро ба инобат гирифт ва ҳамингуна барои муноқишаҳои қавмӣ дар Фарғона замина гузошт.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ихтилофи назар дар бораи минтақаҳои баҳсӣ дар марзи Суғд ва Бодкандро харитаҳои солҳои гуногун амиқтар кардаанд. Душанбеву Бишкек барои ҳалли баҳсҳои марзӣ ба харитаҳои солҳои 30-юм ва 50-уми асри бист такя мекунанд.
Дар харитаи аввал, Ворух ба қаламрави Тоҷикистон васл аст, аммо дар харитаи соли 1956 мисли ҷазирақаламрав ё "анклав" дар дохили Қирғизистон нақш ёфтааст.
Нахустин муноқишаи қавмӣ дар инҷо соли 1974 расман сабт шудааст. Дар он сол мақомоти маҳаллӣ вазъи фавқулода эълон карданд ва барои рафъи ҷанҷол дар бораи замин комиссияи махсус таъсис доданд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Водии Фарғона -- бомбаи соатӣ ё дили дардманди Осиёи Марказӣ?Муноқишаи дувум тобистони соли 1989 бархост ва бори аввал садои тир ҳам баланд шуд. Ҳукумат қуюди шабгардӣ эълон кард ва намоянда аз Маскав омад. Дар ҳамон сол раҳбарони он замон Тоҷикистону Қирғизистони Шӯравӣ муноқишаро баррасӣ карданд. Мулоқоташон дар Бодканд натиҷа надод ва масъалаи ҳалношудаи марз ба ду кишвари мустақил мерос монд.
Дар овони истиқлол муноқишаи бадтарин дар моҳи январи соли 2014 сурат гирифт. Дар он замон баъди шурӯи бунёди роҳи Куктош-Оқсой аз тарафи Қирғизистон байни сарҳадбонони ду кишвар тирандозӣ сурат гирифт ва талафот дошт.
Баъди он сол ду тараф тамоми корҳои сохтмонӣ дар минтақаҳои баҳсбарангезро қатъ карданд. Вале ҷанҷоли сокинони ду тараф барои замину чарогоҳу об қатъ нашуд ва гоҳ-гоҳ идома меёбад. То кунун дар ин ҷанҷолҳо тақрибан даҳ нафар кушта шуда ва даҳҳо тани дигар маҷруҳ шудаанд.