Мақомоти интизомии Тоҷикистон ба зидди як сокини ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон “барои таҳқири ду нозири роҳ” парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Дафтари матбуоти раёсати умури дохилии Душанбе рӯзи 13-уми март бо нашри баёнияи расмӣ гуфт, Сироҷиддин Наҷимови 39-сола баъди он дастгир шуд, ки видеои “таҳқир ва дашноми ӯ ба унвони нозирони роҳ” дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси зиёдро барангехт.
Дар ин видео, ки дар шабакаҳои “Однокласнники” ва “Фейсбук” нашр шудааст, дида мешавад, чӣ гуна Сироҷиддин Наҷимов бо як нозири Идораи Бозрасии давлатии Автомобилӣ вориди баҳс мешавад.
Назари вакили мудофеъ ва пайвандони Сироҷиддин Наҷимов дастрас нест. Маълум нест, баҳси ӯ бо нозири БДА ба сари чӣ будааст.
Мақомоти Раёсати умури дохилии Душанбе мегӯянд, ки ронандаи “Тангем” ба талаботи қонунии кормандони милиса итоат накарда, баръакс, онҳоро дашному таҳқир намудааст. Ҳодиса рӯзи 19-уми феврали имсол дар шаҳри Душанбе рух додааст ва видеоро низ ҳамон рӯз дар “Одноклассники” гузоштаанд.
Додситонии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт барои чунин рафтор, ки ҷинояти сахт ба ҳисоб меравад, рӯзи 27-уми феврали имсол ба зидди Сироҷиддин Наҷимов бо иттиҳоми таҳқири намояндаи ҳокимият парвандаи ҷиноӣ оғоз кард.
Барои ин гуноҳ дар Тоҷикистон ҷаримаи бузург ва беш аз як соли зиндон ҷазо муқаррар шудааст.
Айни замон дар Тоҷикистон шикоят аз кори нозирони роҳ бисёр зиёд аст ва онҳоро ба ришвахорӣ муттаҳам мекунанд ва мегӯянд, онҳо бо ҳар баҳона аз ронандагон пул меситонанд. Дар зери видеои ин ҷанҷол низ аксаран нозирони роҳ танқид шудаанд.