Сафири тозатаъйини Амрико ба Душанбе омад

Сафири тозаинтихоби Амрико дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм ба Душанбе омад. Дар ин бора рӯзи 11-уми март аз сафорати Амрико дар Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ иттилоъ доданд. Оқои Поммершайм рӯзи 22-юми феврали соли ҷорӣ дар Вашингтон савганд ёд кард. Номзадии дипломати собиқадор ба мақоми сафири Амрико дар Тоҷикистон рӯзи 12-уми сентябри соли гузашта пешниҳод шуд ва рӯзи 7-уми январи имсол тасдиқ гардид.

Марк Поммершайм аз соли 2015 то соли 2018 муовини сафири Амрико дар Қазоқистон буд. Аз ин пештар дар Вазорати умури хориҷии Амрико ба ҳайси як дипломати баландпоя дар умури Қафқоз ва АвруОсиё кор кардааст. Ӯ собиқаи хабарнигорӣ ҳам дорад ва дар дафтари телевизиони CNN дар Русия кор кардааст. Соҳиби зан ва се фарзанд аст. Марк Поммершайм ҷойгузини хонум Элизабет Миллард шуд, ки ӯ баъди анҷоми масъулиятҳояш соли 2018 Тоҷикистонро тарк кард.