Дар тазоҳурот дар Навори Ғазза як фаластинӣ кушта шуд

Акс аз бойгонӣ

Дар натиҷаи тазоҳурот дар Навори Ғазза як фаластинӣ кушта ва беш аз чиҳил тани дигар, аз ҷумла ду хабарнигор ва ду пизишк захмӣ шудаанд.

Садҳо фаластинӣ аз моҳи марти соли гузашта ба ин тараф рӯзҳои ҷумъа дар Навори Ғазза гирди ҳам омада, алайҳи Исроил даст ба тазоҳурот мезананд.

Вазорати тандурустии Фаластин гуфтааст, дар тазоҳуроти рӯзи 8-уми март як ҷавони 23-солаи фаластинӣ бо номи Темур Арафот ҷони худро аз даст дод.

Дар як соли охир дар тазоҳуроти зидди Исроил беш аз 190 фаластинӣ кушта ва садҳо тани дигар маҷруҳ шудаанд. Артиши Исроил мегӯяд, ҳамеша дар ҷавоб ба ҳамлаи фаластиниҳо оташ кушода, аз марзҳо ва истиқлоли худ дифоъ намудааст.

Эътирозгарони фаластинӣ аз ҳукумати Исроил мехоҳанд, ба паноҳандагони фаластинӣ иҷоза диҳад, то ба хонаҳои пешинаи худ дар ҳудуди он кишвар баргарданд.