Мақомоти ИМА Гулнора Каримова, духтари президенти нахустини Узбекистон ва Беҳзод Аҳмадов - раҳбари пешини ширкати мобилии МТС-ро ба ришваситонӣ ва пулшӯӣ ба маблағи 865 миллион доллар муттаҳам карданд. Дар ин бора додситони Ню-Йорк рӯзи 7-уми март хабар дод.
Вазорати адлия ва Комиссияи коғазҳои гаронбаҳои ИМА фасодкорӣ дар бозори мухобироти Узбекистонро таҳқиқ мекунанд.
Дар ин парванда ширкати мобилии МТС-и Русия, Telia Company AB (Telia Sonera-и пешин) ва ширкати Veon, ки саҳмияҳои "Вимпелком"-и Русияро дар даст дорад ҳузур доранд. Саҳмияҳои ин ширкатҳо дар бозори бурси Амрико харидуфурӯш мешуданд.
Рӯзи гузашта ширкати мобилии МТС бо Комиссияи коғазҳои гаронбаҳо ва Вазорати адлияи ИМА дар баҳси фасодкории намояндагии ширкати МТС дар Узбекистон ба созиш расид. Ширкат дар маҷмуъ 850 миллион доллар ҷарима супурд.
Ба гуфтаи додситонӣ, аз оғози соли 2000-ум Беҳзод Аҳмадов аз таъминкунандагони хадамоти мухобирот, ки мехостанд ба бозори Узбекистон ворид шаванд, ришва меситонд. Дар навбати худ, Гулнора Каримова бо истифода аз мавқеаш барои ин ширкатҳо шартҳои муносиби муомилот пешниҳод мекард.
Дар Узбекистон Каримова ҳамчунин дар ҷиноятҳои молӣ дар ҳаҷми наздики 53 миллион доллар айбдор шуд. Соли 2017 ӯ бо ҷурми саркашӣ аз пардохти андоз, дуздӣ, тамаъҷӯӣ ва маҳви ҳуҷҷатҳои марбут ба ширкатҳои офшорӣ 10 сол зиндонӣ шуд. Аммо як сол баъд додгоҳи вилоятии Тошканд ҳукми зиндони ӯро 5 сол кам ва ба ҳабси хонагӣ интиқол дод. Чанд рӯз пештар додгоҳ ӯро дубора ба маҳбас фиристод.