Кореяи Шимолӣ озмоишгоҳи ҳастаияшро барқарор мекунад

Озмоиши муҳаррики мушак дар пойгоҳи Сохэ

Кореяи Шимолӣ иншоотеро дубора барқарор мекунад, ки дар озмоишгоҳи мушакии Сохэ, воқеъ дар соҳилҳои ғарбии ин кишвар қисман тахриб шуда буд. Дар ин бора таҳлилгарони амрикоӣ паз аз омӯзиши наворҳои моҳвораӣ хабар доданд.

Кормандони Маркази пажӯҳишҳои стратегӣ ва байналмилалӣ дар Вашингтон Ҷозеф Бермудес ва Виктор Ча ба хулосае омадаанд, ки мақомоти Кореяи Шимолӣ тайи рӯзҳои ахир дастгоҳи санҷидани муҳаррики мушакҳо ва бинои тавлиди мушакбарҳоро барқарор кардаанд. Зоҳиран ин корҳо пас аз дидори ахир ва беҳосили раҳбарони Кореяи Шимолӣ ва ИМА дар шаҳри Ҳаной анҷом шудаанд. Ким Чен Ин ва Доналд Трамп 28 феврал дар Ҳаной мулоқот карданд.

Мақомоти Кореяи Шимолӣ тахриби иншооти мазкурро пас аз мулоқоти якуми Трамп ва Ким Чен Ун дар моҳи июни соли гузашта дар Сингапур оғоз карда буданд. Пхенян чанд моҳ дертар Сеулро мутақоид кард, ки омодааст, размоишгоҳи мушакиро комилан масдуд кунад.

Пхенян аз моҳи ноябри соли 2017 ба ин сӯ, озмоиши мушакӣ анҷом надод ва Трамп ҳам борҳо инро яке аз дастовардҳои худ номид. Ёвари президенти ИМА Ҷон Болтон рӯзи сешанбе гуфт, ки агар Кореяи Шимолӣ аз барномаи ҳастаии худ даст накашад, Вашингтон омодааст, таҳримҳоро зидди Пхенян сахттар кунад.