Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода аз тарма ва сангрезӣ

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон аз ронандагон дар кишвар хостааст, ки бе зарурат ба манотиқи кӯҳистонӣ ҳаракат накунанд, зеро мумкин аст, зери тарма ё сангреза бимонанд.

Кумита бо нашри як баёния рузи 4-уми март гуфт, ки танҳо дар шаби 3 ба чоруми март, дар қаламрави ноҳияҳои Рӯшон, Роштқалъа, Шуғнон ва Ишкошим, ноҳияҳои Тоҷикобод ва Варзоб 76 тарма фаромадааст.

Ба гуфтаи мақомоти кумита, вазъи хатарнок бештар аз ҳама дар роҳҳои мошингарди Душанбе-Тоҷикобод, Душанбе-Айнӣ, Хоруғ-Ишкошим дида мешавад. Роҳҳои Душанбе-Айнӣ ва Хоруғ-Ишкошим муваққатан бастаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода мегӯяд, ки барои таъмини амнияти ронандагон дар роҳҳо ва расонидани кумакҳои фаврӣ дар қитъаҳои гуногуни роҳҳо маъмурони наҷот навбатдорӣ мекунанд. Дар баёнияи кумита омадааст, дар иртибот ба тағйири боду ҳаво, борону барфҳои пуршиддат ва афзудани хатари лағзиши тарма Кумита бори дигар аз аҳолӣ ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад, ки хеле эҳтиёткор бошанд. Аз сафарҳои безарурат бо роҳҳои кӯҳӣ ва тармарезу сангрез муваққатан худдорӣ намоянд.