68% дар Русия ришваситонӣ ва боздоштҳоро аломати пӯсидагии ҳукумат медонанд

Қонунгузори Русия Рауф Арашуков

Аз се ду ҳиссаи русиягиҳо ришваситонии мақомот ва боздошти онҳоро аломати фасодзадагӣ ва пӯсидагии ҳукумат медонанд. 22 дар сад инро мавридҳои алоҳида ва ғайри маъмул барои кишвар хонданд. Дар ин бора бунгоҳи омӯзиши афкори умум - "Левада-центр" дар як пажуҳиш хабар дод, ки ҳафтаи гузашта анҷом шуд.

Боздошти узви Шӯрои Федератсия аз Карачево-Черкесия Рауф Арашуков ва падари ӯ дар охири моҳи январро чаҳоряки пурсидашудаҳо аломати муборизаи ҷиддӣ бо фасодкорӣ ва қариб сеяк мубориза барои тақсими минтақаҳои нуфуз дар байни мақомдорон арзёбӣ карданд.

Рауф Арашуков рӯзи 30-юми январ ҳангоми ҷаласаи Шӯрои Федератсия боздошт шуд. Ӯ ба куштори ду шахсияти ҷамъиятӣ ва сиёсии Карачаево-Черкесия, фишор ба шоҳидон ва дуздии газии табии ширкати "Газпром" ба маблағи 30 миллиард рубл муттаҳам мешавад.

Аз рӯи ин парванда ҳамчунин падари Арашуков, машҳур бо лақаби "султони газ" дар Қафқози Шимолӣ боздошт шуд. Арашуков иттиҳомро рад мекунад ва онро "фармоишӣ" медонад.

Рӯзи 21-уми феврал Бунёди мубориза бо коррупсияи Алексей Навалний дар бораи клани бонуфузи Каитов-Батдиевҳо дар Карачево-Черкесия матлаби таҳқиқотӣ нашр кард. Ба гуфтаи раҳбари мухолифини Русия, "тамоми буҷае, ки аз марказ ба ин минтақа интиқол меёбад дар байни чанд хонавода ҳаллу фасл мешавад".