Вазорати тандурустии Узбекистон тарҳи иловаҳо ба Кодекси оиларо таҳия кардааст, ки никоҳи хешони наздик, аз ҷумла издивоҷ бо писар ё духтари аммаву амакро дар ин кишвар манъ мекунад. Дар ин бора рӯзи 23-юми феврал вебсайти Podrobno.uz хабар дод.
Қарор аст, ин ислоҳ ба моддаи 16-уми Кодекси оилаи Узбекистон ворид карда шавад.
Дар ҳоли ҳозир никоҳи хешутаборӣ дар Узбекистон иҷоза аст. Вале мақомот издивоҷи бародару хоҳар ва афроди гирифтори касалиҳои рӯҳиро манъ кардаанд. Инчунин, гирифтани ҳамсари дувум иҷоза нест.
Бино ба қонунгузории Узбекистон синни никоҳ барои мардон аз 18-солагӣ ва барои духтарон аз 17-солагӣ таъйин шудааст. Танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ ва узрнок, аз ҷумла ҳомила шудани духтари ноболиғ, ҳокими шаҳру ноҳия ҳақ дорад, синни никоҳи навхонадоронро як сол поин биоварад.
Дар Тоҷикистон аз моҳи июли соли 2016 никоҳи хешутаборӣ манъ шуд. Далели аслии манъи никоҳи хешутаборӣ таваллуди кӯдакони маъюб будааст.
Мақомот дар Тоҷикистон иддао доранд, ки 30 дар сади кӯдакони маъюб аз чунин издивоҷҳо ба дунё омадаанд.