Ёдгор Файзов, раиси вилояти Бадахшон, гуфтааст, дар минтақа 6 ҳазор нафар расман ҳамчун бекор сабтином шудаанд, вале дар асл шумораи бекорон ба маротиб бештар аст. Нишасти хабарии Файзов рӯзи ҷумъаи гузашта дар шаҳри Хоруғ баргузор шуд.
Ғолиб Ниятбеков, сухангӯи раиси Бадахшон, 24-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, "эътироф карданд, ки омори расмӣ баёнгари воқеият нест. Дар асл шумораи бекорон ба 30 дар сади вилоят мерасад. Ҳамчунон раис эътироф карданд, ки айни замон мақомот имкони бо ҷойи кор таъмин кардани ҳамаи бекоронро надоранд."
Ҳамсуҳбати мо гуфт, барои то ҳадде коҳиш додани шумораи бекорон, хусусан дар миёни ҷавонони Хоруғ, 100 нафар ба сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун фиристода шудаанд. Интизор меравад, баҳори имсол сад нафари дигар бо ҷои кор дар маҳалли бунёди Роғун таъмин шаванд.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки соли 2018 дар кишвар беш аз 50 ҳазор нафар мақоми бекорӣ гирифтаанд.
Аммо мунтақидон мегӯянд, ин рақам ба эҳтимоли зиёд танҳо нафаронеро дар бар мегирад, ки аз бекории худ мақомотро огоҳ кардаанд. Вагарна, ба гуфтаи онҳо, солона танҳо як миллион нафари қобили кор барои дарёфти рӯзӣ ба Русияву Қазоқистон ва кишварҳои дигар мераванд. Ҳамаи онҳо ё аз бекорӣ в аё аз маоши кам азият мекашанд.
Ёдгор Файзов моҳи октбяри соли 2018 ба симати иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон таъйин шуд. Шодихон Ҷамшед, ки то 1 октябри соли 2018 дар мақоми раиси Бадахшон кор мекард, баъди интиқодҳои президенти Тоҷикистон аз тартибу интизом дар вилоят аз мақомаш барканор шуд ва ҳоло муовини вазири тандурустист.