Чин гуфт, барои Афғонистон роҳи сулҳ ҷустуҷӯ мекунанд

Ванг Йӣ вазири умури хориҷии Чин

Вазорати умури хориҷии Афғонистон аз омодагии Чин барои эҷоди гурӯҳи тамоси Созмони ҳамкориҳои Шанхай ба хотири поёни ҷанг дар ин кишвар истиқбол кард. Сибғат Аҳмадӣ, сухангӯи вазорат мегӯяд, ки бидуни шак талошҳои Пекин дар ин росто муфид хоҳад буд.

Ӯ рӯзи 23-уми феврал бо ишора ба ҳамкориҳои Пекин ва Исломобод ба бахшии дарии Радиои Озодӣ гуфт, ки нақши Чин ба ҳайси яке аз кишварҳои бузурги минтақа дар робита ба сулҳи Афғонистон муҳим аст.

Афғонистон ҳамеша Покистонро ба пуштибонӣ аз гурӯҳи Тобион айбдор мекунад. Покистон як шарики муҳими Чин дар минтақа аст.

Ӯ гуфт: “Чин ба ҳайси яке аз бузургтарин сармоягузорҳо дар ҷумҳурии исломии Покистон метавонад, нақши худро дар заминаи овардани сулҳ дар Афғонистон ифо кунад”.

Аммо Сибғат Аҳмадӣ гуфт, ки масъалаи сулҳ дар Афғонистон бояд бо ҳукумати қонунии кишвар мувофиқа шавад.

Ванг Йӣ, вазири умури хориҷаи Чин ба тозагӣ дар дидор бо вазири хориҷаи Қирғизистон дар Пекин гуфт, ки барои хатми ҷанг дар Афғонистон гурӯҳи тамоси Созмони ҳамкориҳои Шанхайро хоҳанд сохт.

Вазири хориҷии Чин изҳор дошт, ки бо эҷоди гурӯҳи кории Созмони ҳамкориҳои Шанхай талош мекунад, то як роҳи ҳали сиёсии муносиб барои қазияи Афғонистон дарёбад.

Чин, Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Ҳинд ва Покистон аз аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ҳастанд. Чин дар ҳоле аз ин омодагӣ сухан гуфт, ки қарор аст, рӯзи душанбе марҳилаи панҷуми гуфтугуҳои сулҳ миёни мақомоти амрикоӣ ва ҳайати Толибон дар Қатар оғоз шавад.