Доналд Трамп, президенти Амрико ҷанҷол миёни Ҳиндустон ва Покистон бар сари минтақаи Кашмирро «бисёр хатарнок» хонд. Ӯ ҳушдор дод, ки Деҳлии Нав пас аз ҳамла ба нерӯҳояш дар минтақаи баҳсбарангези Кашмир “чизи бисёр қавие”-ро баррасӣ мекунад.
Трамп рӯзи 22-уми феврал гуфт: «Ин вазъи бисёр хатарнок миёни ду кишвар аст. Мо мехоҳем, ин вазъ хотима ёбад».
Ӯ афзуд, ки «ҳоло миёни Покистон ва Ҳиндустон мушкилиҳои зиёде вуҷуд дорад, ки пас аз он ҳодиса ба миён омадааст.»
Ба гуфтаи президенти Амрико "Ҳиндустон дар андешаи чизи бисёр қавие аст. Қариб 50 нафарро дар ҳамла аз даст дод. Барои ҳамин, ман инро дарк мекунам» - гуфт ӯ.
Ҳиндустон Покистонро ба ҳамлаи рӯзи 14-уми феврал дар минтақаи ҷанҷолии Кашмир муттаҳам мекунад, ки дар он 40 сарбоз кушта шуд. Ҳиндустон ҳушдор дод, ки ба ин ҳамла «посухи дандоншикан хоҳад дод». Исломобод даст доштанаш дар ин ҳамларо рад мекунад.
Гурӯҳи ифротгарои «Ҷайши Муҳаммад», ки дар Покистон қарор дорад, масъулияти ҳамларо бар уҳда гирифтааст.