Нашрияи The Insider ва гуруҳи пажуҳишгари Bellingcat ҷузъиёти зиндагиномаи гумонбари севум дар қазияи заҳролудсозии афсари пешини Раёсати асосии иктишофии Русия Сергей Скрипал ва духтараш Юлияро нашр кард.
Гумонбари севум эҳтимол меравад, корманди иктишофи низомии Русия Денис Сергеев (номи ҷосусиаш Сергей Федотов) аст.
Рӯзноманигорон дарёфтаанд, ки Сергеев дар шаҳри Ушарали Қазоқистон ба воя расидааст. Соли 1990 вай пас аз хатми омӯзишгоҳи низомии Екатеринбургр корро дар артиш оғоз кардааст. Сергеев соли 1999 дар ҷанг барои баландии маъруф ба "Гӯшҳои хар"-и Доғистон ширкат ва он ҷо маҷруҳ шудааст. Ибтидои солҳои 2000-ум Сергеев ба Москва омада, шомили Академияи низомие шудааст, ки кадрҳои иктишофӣ омода мекунад.
Ба иттилои The Insider, эҳтимол дорад, Сергеев на танҳо дар заҳролудсозии Скрипалҳо ва соҳибкори булғорӣ Емелян Гебрев, балки дар чанд амалиёти дигари Русия дар хориҷ аз ин кишвар ширкат карда бошад. Ба вижа, дар Каталония пеш аз раъйпурсии ҷудошавӣ ва дар Бритониё пеш аз раъйпурсии Брекзит. Рӯзноманигорон натавонистанд робитаи мустақими ӯро бо ин ҳодисаҳо исбот кунанд. Аммо ба навиштаи онҳо, Сергеев бо ҷосусони низомие ошно буд, ки эҳтимолан дар табаддулоти Черногория даст доштанд.
Рӯзноманигорон ҳамзамон ошкор карданд, ки Сергеев дар соли 2013 ба Тоҷикистон, соли 2014 ба Ҷумҳурии Чех ва соли 2015 ба Туркия сафар доштааст. Коршиносе, ки Bellingcat ва The Insider бо ӯ суҳбат кардаанд, мегӯяд, ин сафарҳо эҳтимолан ба фурӯши аслиҳа ба Сурия рабт доранд.
Дар бораи он ки дар қазияи сӯиқасди Сергей Скрипал дар шаҳри Солсберии Бритониё гумонбари севум низ бо номи Сергей Федотов мавҷуд аст, ибтидои моҳи феврал ошкор гардид. То ин замон расонаҳо танҳо дар бораи Александр Мишкин ва Анатолий Чепига хабар медоданд. Ба бовари мақомоти тафтишотии Бритониё, маҳз ин одамҳо бо дастури Москва дар Бритониё заҳри "Навичок"-ро истифода кардаанд. Москва айбҳои эълоншударо рад мекунад.