Ошкор шудани "фоҳишахонаи хориҷӣ" дар Душанбе

Акс аз гузориши Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон

Кормандони Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон як шаҳрванди Чин ва як табааи Ветнамро бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона бо ҷалби хориҷиён боздошт кард.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон шаби 20-уми феврал бо нашри як гузориш хабар дод, ки В.В.М., марди 32-сола аз Чин ва Ҳ.Д.М., зани 29-сола аз Ветнам дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансури Душанбе манзилеро ба иҷора гирифта, онро ба фоҳишахона табдил додаанд.

Ба гуфтаи вазорат, зани ветнамӣ бо шаҳрванди Чин машварат карда, бо баҳонаи таъмини кор дар тарабхонае дар Русия се зани ветнамиро аз тариқи Қазоқистон ба Тоҷикистон оварданд.

ВКД гуфт, ки се зане, ки бидуни хоҳишашон дар Тоҷикистон мавриди танфурӯшӣ қарор дода шуданд, 34-36-сола ҳастанд. Вазорат гуфт, ки қурбониҳои тиҷорати фаҳшо "бевазан ва соҳиби фарзанд буда, ба ҷойи кор эҳтиёҷ доштанд”.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, аз 3-уми декабри соли 2018 ин се зан “дар асорати қарзӣ” буданд ва шиносномаҳои онҳо аз ҷониби В.М, мусодира шуда, ҳарсе зан дар хонаи иҷорае дар Душанбе дар утоқҳои алоҳида ва бидуни шонси вохӯрӣ бо ҳамдигар нигаҳ дошта мешуданд. Аз ин рӯ, ба гуфтаи мақомот, “замони озод кардан ва дидори ҳам онҳо шодӣ ашк рехтанд”.

Муштариён ин се зан бештар шаҳрвандони Чин будаанд, ки дар Тоҷикистон кор мекунанд. Ба ҳисоби ВКД, дар зарфи ду моҳ ташкилкунандагони фоҳишахона аз ҳар ҷабрдида 5200 долларӣ фоида ба даст овардаанд.

Назари адвокати боздоштшудаҳо ва занони озодшуда ҳанӯз дастрас нашудааст ва маълум нест, ки онҳо ба ин иттиҳом чӣ назар доранд.

Феълан, нисбат ба шаҳрванди Чин ва Ветнам барои “савдои одамон” ва “ташкили фоҳишахона” парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Парвандаро додситонии шаҳри Душанбе тафтиш мекунад.